Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,
Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!
В-эй чанги Парихони сабукдилшударо
Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!
Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:
– Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?
– Ман аз куҷо донам? – бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид. – Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?
– Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад, – шарҳ дод шоири Исфарангӣ. – Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?
Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:
– Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд…
– Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем! – шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид:
– Ҳоқонӣ ном шоирро медонед, ако?
– Ҳа. Қасидаҳои хуб дорад…
– Вай ба Ворух омада бошад ё не?
– Инашро намедонам. Чӣ буд кӣ?
– Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Гӯш кунед:
Чашми бад, к-аз патари оҳанӣ таъвиз нагашт,
Банди таъвиз бибурреду Патар боздиҳед!
Шумо ҳам аз чашми баду тӯмору таъвизи кампирҳо наҳароседу банди тилисм бибурред ва роҳи Патар фарох бикушоед, ки аҷаб нишастангоҳи олиҷаноб асту аз Каҷбед беҳтар! Макони дилкушо набояд ҳайф шавад. Сидқан бикӯшед ва сайргоҳ ба соҳибдилон боздиҳед.
Деҳқоне, ки таърихи Патарро ҳикоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ҷой хест ва даст болои дил ниҳод:
– Барои ворухӣ сухани шоир баробари фармони амир қадру қимат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хоҳад, болои шоҳкат мешинед, сайргоҳро пуродам мебинед ва даҳчанд лаззат мегиред.
Ҳама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод роҳи сафар идома бахшиданд.
Рӯзи сеюми саёҳат аз тамошои Рахнаи Оташон оғоз ёфт, ки дар ҷониби шимолу шарқии деҳа воқеъ буд. Вазифаи роҳбаладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ӯҳда дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ҳамроҳонашро лаҳзае аз роҳгардӣ боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дуриҳои дур оғоз бахшид:
– Ҳу, ана он кӯҳи сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш гӯри муғ ҷой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро гӯристон ё қабристон не? Барои он ки пайравони дини зардуштӣ баробари оташу офтоб заминро низ муқаддас дониста, майит дар хок намегӯронданду фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин кӯҳкамар бошад, маъбади оташпарастон ҷойгузин буду агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз чаҳор ҳазор сол пеш ба габрону муғон тааллуқ дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле қадимист.
– Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва машҳур буд, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Аҳмад. – Дар китобҳои қадима сабт шуда, ки ба ин дайри муғон аз Бухорову Самарқанду Истаравшан низ мубадону коҳинон ва ҳатто мубади мубадон ташриф оварда, манзумаҳои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.
Мударрис бо ишораи сар шарҳи шоирро тасдиқ намуд ва бо шавқи аввала афзуд:
– Боз як чизи дигар: ҳама ҷашну маросимҳои хурсандӣ, маҳфилу тантанаҳои муғон дар ин оташкада баргузор мешуд…
– Ҳатто базми арӯсӣ? – пурсид ҷавоне.
– Бале. Дар ин маҳфили муборак зардуштиён аз оташи ҳамеша фурӯзони дайр гулхани бузурге афрӯхта, шоҳу моҳ, яъне арӯсу домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мерақсиданду суруд мехонданду шодкомӣ мекарданд. Авҷи аланга, яъне спаниш лаҳзаи висол буд.
– Ин одат ҳоло ҳам дар Ворух давом дорад, – луқма партофт Абдулмаҷид. – Фарқаш ҳамин, ки имрӯза домод саллаю тоқӣ дораду арӯс фаранҷӣ.
– Магар пешина арӯсҳо фаранҷӣ надоштанд? – боз пурсид он ҷавони қаднавча.
– Ту арӯсҳои пешинаро даҳҳо маротиба дидаӣ, Қосим. Лекин маълум мешавад, ки эътибор надодаӣ.
– Ман дидагӣ?! Кай? Дар куҷо??
– Камтар сабр кунӣ, боз мебинӣ. Рафтем…
Ҳама ба умеди дидани арӯси замони оташпарастон аз дунболи раҳнамо равон шуданд. Баъди соате дар канори кӯчаи аробагузар санги дарозу борике падид омад монанди дастаи ҷувоз, аммо ҳазор карат бузургтар. Он санги кӯҳ набуду ба хорою рухом ҳам шабоҳат надошт. Мисли санги дарё суфтаю ҳамвору лағжон ва чун санги шиша андаке шаффофу ҷилодор метофт ва дар дашти васеъ яккаву танҳо меистод. Ба назар чунин мерасид, ки пайкарасозе онро махсус дар чунин ҳолат гузоштааст, то бути сангин тарошад. Вале фурсат наёфта, ё натавониста, аз ҳайкалтарошӣ даст кашидаасту нияти вайро боду борон беҳунарона иҷро намуда, бо харошу тарош дар қисмати болои санг сӯрохиҳое монанд ба чашму даҳон ва барҷастагиҳое шабеҳи бинию гӯш ба вуҷуд овардаанд.
Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:
– Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?
– Чанд борҳо дидаам.
– Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ…
– Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!
– Фаҳмо! – сухан мухтасар кард Зарифи Доно. – Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.
Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.
Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.
Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.