Литмир - Электронная Библиотека
A
A

Доду ғиреви мардум ба осмон печид. Ҳама баробар каф кӯфта, офарин мегуфтанду нидои шодӣ мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ҷавмаст шиҳа кашида, як каф тангаи нуқра аз сари Нигина пошид. Часорати ногаҳонӣ ва тақлидкорию ҳаракатҳои ширини кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шир меомаду имрӯз ба ҳама гуна нозу нуз ва эркагию густохӣ ҳақ дошт, аксариятро ба по хезонд. Аҳмад ҳам ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушрӯча»-ро озод аз замин бардошту дар ҳаво давр занонда, оҳиста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш бӯсид. Сипас бо овози ҷарангосӣ гуфт:

– Мебинам, ки дастафшонию пойкӯбии ин кафтараки навбол ҳамаро шӯр ангехт. Ман ҳам сахт шодмона шудам. Бадоҳатан як рубоӣ эҷод шуд, ки ба Нигина мебахшам:

Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,

Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.

Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз

Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат!

Шеъри шоирро кадхудои деҳа ба дуо гардонду ҳама баробар омин гуфта, бо шавқи тоза хушҳолиро идома бахшиданд. Абдулмаҷиди Ворухӣ – ҳамон шоири ғайбдон, ки Нигинаро ҳангоми кӯдаки бачилла буданаш «Бадри Ворух» унвон дода буд, ширакайфу чеҳрагулгун лаби тахтакат омаду одоби саломро нопурра баҷо оварда, бетакаллуф паҳлӯи Аҳмад нишаст ва ба тахтапушташ тап-тап зада, мастона гуфт:

– Ман ҳам усулу бозии Нигинаро дида, як шеъри зӯр бофтанӣ будам. Офарин ба ту, ки пешдастӣ кардӣ. Биё, ҳамин шеъри туро хушрӯ навишта, ба падараш тӯҳфа мекунем. Усто хурсанд мешад.

Хоҳиш дарзамон иҷро гашту Абдулмаҷид аз коғазпора рубоиро бо овози баланд хонда, ба Абдулсайид бахшид ва шодиёна гирифт. Сипас бори дигар бо кафи даст китфи Аҳмадро тап-тап «навозиш» карда, дар лаби дарёча ӯро ба сӯҳбат кашид:

– Бахудо, ки шеъри нағз эҷод кардӣ! Ту чанд сол боз шеър менависӣ?

– Се сол боз… Аз чордаҳсолагӣ машқи шеър мекунам.

– Устодат кӣ?

– Бародарам Шаҳобиддин.

– Шаҳобиддини Булбул? Писари қозии Тамохуш?!

– Бале.

– Вайро нағз мешиносам. Чандин бор ҳамроҳи Усто Мулло ба Ворух омадагӣ. Мо якҷоя бисёр кӯҳу дараю ҷоҳои зеборо тамошо кардагӣ. Лекин туро якум бор мебинам.

– Шаш сол дар Марғинон будам, муҳассили мадраса…

– Шаҳобиддин чаро наомад?

– Вай ҳозир дар Самарқанд. Аз Ворух баргардем, наздаш меравам.

– Барои тамошо?

– Не. Таҳсилро давом додан мехоҳам. Боз… дар он шаҳр шоирони зӯр бисёр…

– Рост мегӯйӣ. Афсӯс, ки ҳамроҳат рафтан наметонам.

Шоирам ман, шоирам ман,

Шеъри ман дар қуллаи кӯ.

Аз сари сангу сари ҷӯ

Мезанад рӯ, медиҳад бӯ.

Агар хоҳӣ, ҳамроҳ Ворухро чарх мезанем. Ҷойҳои Шаҳобиддин дидагиро мебинӣ, илҳомат ояд, шеър менависӣ.

– Саломат бошед, ако, ки табъи дилам сухан гуфтед. Ман барои зиёфатхӯрӣ не, барои тамошо омадагӣ. Бародарам гаштаю баргашта мегуфт, ки «то Ворухро бо чашми дил набинӣ, шоири асил намешавӣ!»

– Гапи Шаҳобиддин ҳақ асту рост. Ворух манзараҳои зебо бисёр дораду таърихаш қадимаю бою рангин. Дар бағали ҳар санги Ворух як қисса асту ҳар ғор пури асрор ва ҳар қуллае соҳиби як ҳикмате…

– Муболиғаро ба ҳадди ғулувв расондед, акои Абдулмаҷид! –беғаш хандид меҳмон. – Масалан, қуллае, ки тори сари мост, чӣ ҳикмат дорад?

– Ҳикмати ин қулла – як номаш Тешазадагӣ – басо талх асту мағзаш аз ишқи ҷигарсӯз бармеояд. Номи дигари ин кӯҳ Душоха асту ба ишқи Фарҳод пайванд:

Ошиқам ман, ошиқам ман

Дарду доғам бод бурда.

Банди дил ҳамчун Душоха

Тешаи Фарҳод хурда.

Мегӯянд, ки замонҳои қадим дар Ворух як гулдухтари нозанине машҳури олам буд бо номи Парихон. Қадаш сарви равон, лабаш гули хандон ва рухаш моҳи тобон будаасту Ширини моҳҷабин дар хирмани ҳусни вай хӯшачин. Бисёр ҷавонҳо аз дуру наздик ошиқи ин парипайкар шуда, хостгор аз пайи хостгор мефиристоданд. Вале ҳама ҷавоби рад мешуниданд. Зеро ин духтар Фарҳод ном деҳқонписари дилхурӯш ва орзупарварро дӯст медошту ҳар ду ошиқи ғош буданд ва савганди садоқат ба забон оварда, ки агар ба висоли якдигар нарасанд, тарки дунё мегӯянд. Падари духтар аз ин ишқи ифротӣ огоҳӣ дошт. Аммо на духтар ба Фарҳод додан мехосту на духтар аз даст додан. Рӯзу шабон фикр карда-фикр карда, тадбире ёфт ва ба ҳама хостгорон чунин шарт гузошт:

– Ҳавлии ман соярӯ – соле ёздаҳ моҳ ҳавояш хунуку рӯшноияш тунук, фақат як моҳи чилаи тобистон рӯйи офтоб баръало намоён мешавад. Чунки қуллаи сабили рӯ ба рӯ пеши офтоба гирифтагиаш гирифтагӣ. Ҳар касе ин қуллаи бахила паст карда, манзили мана офтобрӯя кунад, Парихон ҳаққи ҳалолаш шавад!

Ин шартро шунидан ҳамон ҳамаи хостгорҳо бо алам ба қуллаи баланд нигаристаю «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, ноилоҷ дасту дил шустанд. Фақат Фарҳоди ориятманд путку теша ва обу тӯша гирифта, чун ҷавоншери маст худро ба тори кӯҳ расонд, то қуллаи баландро паст гардонад ва коми дил ба даст орад. Ҳафтае чанд обу арақ резонда, пайваста путку теша зада, аз ду тарафи қулла камар кофт, то кӯчонидани қулла осон гардад.

Мардуми деҳа аз ҳарбу зарби деҳқонписари шердил бо кӯҳи бахил ба таҳрик омада, хайрхоҳона даст ба дуо бардоштанд. Зеро аз поён баръало медиданд, ки агар Фарҳод боз андаке заҳмат кашад, рахна васеътар гашта, кӯчидани қулла осонтар мешавад. Аз дуову санои мардум рӯҳ гирифта, ошиқписар солор аз ҷой хесту бо тамоми қувват, Рустамвор, путки гарон ба сари санги калон кӯфт. Он чорпора гашту ба ҳар тараф пош хӯрд. Тамошогарон оҳи сабук кашиданду Фарҳод шодмона ончунон наъра зад, ки аз акси садояш кӯҳ ларзид. Сипас пешонабанд аз сар кушода, арақи гардану рӯй пок карду латтапора мисли Дирафши Ковиёнӣ алвонҷ дода, ба чашминтизорон ва дар навбати аввал ба Парихон нахустин пайки зафар расонд. Шӯру ғиреви ошиқнавозон ба фалак печид ва дастафшону пойкӯбон паёпай «Офарин!» мегуфтанд. Парихон низ дар болои бом болу пари шодӣ кушода, рӯймоли ҳарир аз сар ба даст гирифту чун ливои ошиқон ба ҷилва овард.

Ҳама суруру тантана доштанд, ғайр аз Хусрави бойбача. Вай ҳам талабгори ашадии Парихон буду аз он ки рақиби сарсахташ Фарҳод ба фатҳи қулла қариб омадааст, чун мӯйи сӯхта ба худ мепечид.

Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:

– Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?

Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:

– Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!

Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.

Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.

Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт…

Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:

– Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!

Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад… Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!

7
{"b":"811588","o":1}