Литмир - Электронная Библиотека
A
A

Орзуи ширини Мирмаликро об бурд. Пушти даст бо дандон газида, зиқуннафас ҳамроҳонро нигарист ва андаке осуда шуд – ҳама ғарқи хоби ширин буданду рӯйдоди афсонавиро надиданд ва ба ҳоли ҷавони нокомгашта нахандиданд.

Чанд гулӯ ҳавои тоза даркашида, андак ба худ омад ва хост пеши Рахшон раваду дарди дил ба ҷонвари рамузфаҳм гӯяд ва бори вазнин аз дӯш поён фурорад. Аммо аспи доно ишора намуд, ки майли сӯҳбат надорад – дасту пойҳояшро ба таги шикам кашида, чун дигар ҳамҷинсонаш фук болои сабза ниҳоду хобид…

Мирмалик дар замину моҳи мунир дар осмон бо шаби пурафсун танҳо ба танҳо монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ҳамроз ва нигаҳбони моҳи нокоста ва ҷавони навхоста буданд, мисли душизаҳои париваш дар рӯйи оби мусафои Сияҳкӯл аксандозию обсаворӣ карда, мекӯшиданд то шаби пурҳаводисро сония ба сония кӯтоҳ намуда, ба рӯзи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситораҳои хурду калон аз дуру наздик ҷониби вай чашмак мезаданд, то сухане бигӯяд ва бори дил сабук намояд. Зеро онҳо медонистанд, ки сангҳои гунгу хомӯши атроф қудрати суханфаҳмию дилбардорӣ надоранд. Ҷавони яккаву танҳо миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афсӯс мехӯрд, ки онҳо дастнорасанду вай дасткӯтоҳ ва ҳини шабзиндадорӣ наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. Ҳарчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фақат бо шамъи нигоҳ метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ҳаросу ваҳмро дур афканад…

Оре, ҷавони камсухан ва камтаҷриба, ки қаблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ҳолати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзалӣ ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе парӣ дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо парӣ гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш қиёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахтӣ пешорӯяш қарор дорад. Аммо зиқ шуд аз он ки Нигинаро аз ҳалқаи париён озод карда натавонисту вай ғойиб шуд.

Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ҳанӯз дар бедорӣ аз мадди назари меҳрполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ҷаҳон умеду орзу аз Хуҷанд армуғони дӯстӣ овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ӯро ҷавони номаҳрам ҳисобида, лоақал як бари рӯяшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулмаҷид гӯем, кабутари хонагӣ шоҳини паркушодаро паршикаста кард.

«Ҳоло Нигина дар куҷо бошад?» – худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни гӯшаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хоҳад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедорӣ натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»

Ба ин пурсиш посух наёфта, мулоқоти ду сиёҳсаманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он оҷиз монду каломи модаркалонашро аз дуриҳои дур шунид: «Хоби парешон ба чароғ гуфтан даркор, то бадияш бисӯзад!»

Мирмалик дубора зиқ шуд: зеро медонист, ки дар кӯҳистон чароғ нест. Вале ба осмон нигаристу гули рӯяш шукуфт: моҳи тобон – чароғи осмон ягона мӯнису ҳамрозаш буду бе ҳеҷ дудилагӣ хоби парешон ба моҳи дурахшон гуфт, то сиёҳию тирагиҳояш равшан шавад.

Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба моҳ гуфтан ҳамон хотири парешони Мирмалик ҷамъ гардид. Зери лаб хандид. Ба қарори қатъӣ омад, ки субҳ ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андешаҳои барҳам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…

Равзанаи панҷум. Ишроқе

6

дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ

Аспрези Исфара – майдони махсуси аспдавонӣ, ки тарафи рости роҳи Шӯроб, дар дили дашти Моҳпарӣ воқеъ буд, аз дур ба молбозор шабоҳат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркабҳои савории хешро ба дарахтони лаби ҷӯйи беоб баста буданду тарафи дигар ҷавонмардони асптозу камонвар – иштирокчиёни мусобиқаи имрӯза самандҳои хелмахели худро хорумолу парҳамелӣ мекарданд, яъне қанду ҷави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, даҳ шутури бухтӣ ва барраи бахта – гӯсфандони се-чорсолаи фарбеҳ ва ахтанашуда, ки ба ғолибони сабқат ҳадя мешуд, ба назар мерасид.

Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппаҳои атроф ва ҷойҳои ҳамвор намаду бурё ва чодару ҷомаҳоро бенизом густурда, гурӯҳ-гурӯх давра нишаста, обу нон бо мағзу мавиз таматтӯъ мекарданду перомуни имрӯза зӯрозмоӣ фикру андешаю тахмину фарзияҳои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгармҳо бо якдигар шарту байъ мекарданд. Шаҳриён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони деҳоти атроф поёнтари онҳо, аммо мухлисони аз дур омада – хуҷандиён, фарғонагиҳо, масчоҳиён, кандиҳо, истравшаниҳо мувофиқи имкон ва муносиби ҳоли худ ҳар ҷо – ҳар ҷо нишаста, нисбатан камгапу камҳаракат буданд.

Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.

Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:

– Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.

Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:

– Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.

– Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.

– Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, – худро доно тарошид Назорат. – Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.

– Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!

– Намешавад! – қатъӣ нидо кард Абдулсайид. – Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…

– Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки…

– Дамата гир, Назок! – андаке барошуфт хоҳари калонӣ. – Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем…

– Фикри маъқул, – пушти гардан хорид Абдулсайид. – Лекин… оё нафастанг намешавед?

– Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд – бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.

Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:

– Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?

– Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.

– Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?

– Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! – шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?

Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад…

вернуться

6

ишроқ – дурахшидан, баромадани офтоб

24
{"b":"811588","o":1}