– Эй ҷавон, ту ба зиёрати ман омадӣ ё ба муқобили ман?
– На инашу на ваяш! Бо даъвати мунодӣ омадам, то бахт озмоям.
– Тушбераро хом шумурдӣ, эй ҷавон! Ҷое, ки ман бошам, бахт ба фармони ман аст!
– Бахт кӯр аст, адолат бино…
– Суханбозӣ макун, эй ҷавон. Бо ман сарбасар шудани ту ҳоло барвақт аст. Ҳанӯз аз даҳонат бӯйи шир меояд…
– Бӯйи шир беҳтар аст аз туршии хамир!
Холмати Сиёҳ аз ғазаб сиёҳтар шуда, як тоб хӯрду аз дигар дари сухан даромад:
– Эй ҷавон, росташро гӯй: маро шинохтӣ?
– Аз тарҳи суханат фаҳмидосиям, ки хоҷа нестӣ, зердастӣ.
– Маро Холмати қодирдаст мегӯянд! Беҳтарин камонсозу камондори Чоч манам!! Тири камони садмании ман рахна дар санги хоро меканад! Тори камони маро ҳеҷ кас кашида наметавонад!
– Маро ба насабу қасаби ту коре набошад ва аз камони ту ғаму озоре нарасад. Расоям гапбозӣ накун, ки гуфтаанд:
Худписандӣ далели нодонист,
Охири он фақат пушаймонист!
Холмати Сиёҳ боз ба худ печиду хост, бо мушту лагад уштулум оғоз кунад. Лекин аз ғазаби мардум тарсида, ғазаб ба таъна гардонд:
– Эй ҷавон, ту худат кийӣ, ки ин қадар ҳавои даҳан мекунӣ?! Ту дар пеши ман як пашшайӣ!!
– Эй рангобзард! Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!
– Ту дар ду олам фил намешавӣ, эй ҷавон! Фил манам ва ғолиб манам!! Ту навакак дар аспдавонӣ ғалаба кардӣ, обрӯй ва иззат ёфтӣ. Барои кӯдак ҳамин қадараш басу зиёдатӣ! Бисёр махоҳ ва обрӯй макоҳ! Аспсаворӣ дигару камонварӣ дигар аст. Бо ман муқовимат накун ва беҳуда зӯр назан, ки миёнат бишканад!
– Ту ҳам ёзӣ-ёзӣ бисёр накун, ки гарданат нашиканад. Оқибати ғурур ва питӣ-питӣ сари пасту нотавонист!
– Гар намедонӣ, бидон, эй ҷавон: Ораши Камонвар ҷадди волои ман аст!
– Чалов накун! Ораши забардаст ҷадди худпараст нест! Агар тири аз Ому паррондаи вай ба Марв расида бошад, муҳол аст, ки тири ту ба сари теппа барояд…
– Ҳозир ман ба ту тирпаррониро нишон медиҳам! Ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки вориси Ораш манам!! Ҳозир мебинем, кӣ дар камонварӣ сахткаш аст?!
Холмат бо ғурур ва нописандии аввала тир ба камон гузошта, як чашмашро нимпӯш карда, бо қаҳру ситеза хурӯсро ба нишон гирифт. Хаданги чорпари ӯ башаст парида, ба катак расид, аммо ба шифт бархӯрд…
Мирмалик осуда нафас бароварда, болои нишонахат қарор гирифт. Аввал зеҳи камони ҷойдории худро, ки аз пӯсти говмеш буд, бо нӯки ангуштон ламс карда, ҳаяҷони ботин фурӯ нишонд. Сипас бо ҳаракати мавзун тири сурхранги рӯйи тиркаш берун овард. Онро аз чӯби заранги кӯҳи Мевагул сохта, дар дунболаи пайкони фӯлодиаш се пари шоҳин баста буданду барои сайди махсус нигоҳ дошта мешуд ва шоҳиншоҳпар ном дошт. Ҷавони пухтакор саросема нашуда, тирро чилла карду байни чилликҳои қавиии хеш ҷафид ва бо нимовоз гуфт:
– Тир ба чашми хурӯс занам, то борикандозӣ исбот шавад.
Баъди нафасе ин ҷумларо мунодӣ тариқи зайл бо овози баланд такрор кард:
– Мирмалик ибни Мирраҳмат чашми хурӯсро ба нишон гирифта буд ва тири ахтардӯзи вай бехато ба нишон расид!!
Дар аспрез аҷаб ҳангома бархост каснодида ва гӯшношунида! Ин карат хурду бузург ва дӯсту душман – ҳама баробар – шасти хаданги ҷавонмарди баруманди Хуҷандро офарин мегуфтанд. Фақат Холмат истисно буд – лаҳзае гунгу лолу карахт истоду якбора хуни сараш ҷӯшид ва аз шиддати ғазаб зангии занг шуду камони садманӣ ба замин зада, онро лагадмол карда, бо дили пурғам ва сари хам аз аспрез рӯ ба гурез ниҳод…
Ҳеҷ кас, ҳатто Аҳмади Хушмӯйлаб, ӯро нигоҳ надошт. Баръакс, ҳар ду сарпарасти озмун мурғобивор роҳ гашта, бо чеҳраи хандон пеши Мирмалик омаданду бонавбат ба оғӯш кашида, аз сидқи дил табрику таҳният гуфтанд. Аҳмадсайид, ки аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид, дар пешорӯ аробаи худаш ва назди он нури чашмонашро дида, онҳоро ба Мирмалик нишон доду оҷил сӯяшон шитофт.
Садои гӯшнавози ҳокими Исфара дар фазои Моҳпарӣ бори дигар танин андохт:
– Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандиро Худованди меҳрубон мададгор ва бахти баланд ёр гашту бо нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро исбот кард ва ғолиби мутлақи сабқати Исфара шуд!
Зиҳӣ шоҳсавори чобуктарин ва камондори беҳтарин!!
Аҳли аспрез баробар «Зиҳӣ, Мирмалик!!» гуфтанду ин таҳнияти шоҳаншоҳиро дар атрофу акнофи Исфараю Хуҷанду Истаравшану Бухорою Самарқанд ҳама шуниданд.
Ҳокими Исфара бо ду дасти адаб ба шаҳсавори шоҳчеҳра ду нори муқаддаси оламтоб ва ду киса зари холис ҳадя карду овозаи ин тӯҳфаи олишон аз канораи Мовароуннаҳр баланд хеста, Хуросону Хуталону Арабистону Фарангистон ва Чину Мочину Ҳиндустонро фаро гирифта, то гӯши Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Чингизхони муғулнойон расид ва ҳар ду дар орзуи чунин размандаи аспафкан шуданд…
Мирмалик шоду масрур ба Рахшони машҳур савор шуда, ду кисаи зар ба зини асп овехту ду нори муқаддас ба дили даст гузошта, боло бардошт. Ҳама баробар даст баланд карда, беист «Зиҳӣ, Мирмалик!» мегуфтанд. Духтарон низ ҳамранги ҷамоат буданд ва кайҳо аз ароба фуромада, маҳбуби худро ситоиш мекарданд.
Нигинаи гулпераҳан дар сафи пеш меистод, зеро нисбати дигарон шодию сурури беш дошт. Ду рӯяш мисли гули анор шукуфон буду лабони нордонаш дар васфи ғолиби сабқат дурру гуҳар мерехт.
Вақте Мирмалик ду анори муқаддасро баланд бардошт, Нигина ҳам дар пайравии дигарон дастонашро боло намуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза онҳо ҳамдигарро диданду шинохтанд. Дилбараки хубрӯи мавзунқомат чашму абрӯи Золи зар, мӯйлаби навдамидаи шоҳписар ва чеҳраи хандони чобуксавори пурҷигар баръало медид, аммо ҷавон чунин имконият надошт – чеҳраи духтар зери ҳиҷоб нонамоён буд.
Ба ҳоли Мирмалик раҳми Моҳпарӣ омаду оҳ кашид. Дарзамон аз ҷониби нишемангоҳи маликаи дашт шамолаки шадиде вазид ва гиреҳи корро кушод: парда аз рӯи гулпарӣ париду гесӯи шоназада, холи мушкину абрувони пайваста, рухсораи гулнору чашмони олуранг, лабҳои нордона ва садафдандони дона-дона чашмони равшани ҷавони аспафканро шефта гардонд.
Боди мурод пероҳани нафисро ба тани нозукбадан часпонду чашмони шефта дар бари духтари наврасида ду анори навдамида дид ва ба шигифт омад.
Ба шигифт омаду анорҳои муқаддасро тарафи духтар алвонҷ дода, шӯрангез хандид…
Хандаи дили ҳассос ва шефтаю шайдо чунин маъно дошт: ғолиби Моҳпарӣ тайёр аст, ду нори даст якҷо бо дили зебопараст ба кабутари Моҳпарӣ супорад, то ду анори дилрабо ба каф орад!
Нигина ҳам маҳин хандид. Вале аз теғи нигоҳи падар тарсид, аз захми чашми амакдухтар ҳаросид ва зуд парда ба сар кашид. Дигарбора кабутари ниқобдор ва дастнорас шуд…
Равзанаи шашум. Нӯшханде ба печутоби ду гули бӯстон дар суроғи андалеби достон
Аҷаб дилномаи дилафгоре оғоз ниҳод даму нафаси маликаи Моҳпарӣ!
Мирмалики пурдил, ки бо нияти пирӯзӣ ба сабқати дилхурӯшон омада буд, пас аз ғолибият дар даври аввал бо тири ахтардӯз чашми хурӯс шикофта, диловари дилписанд шуд, дили ахтардухтари кӯҳистонро волаву шефта гардонд ва бо дилхушию дилафрӯзӣ «Дилбараки мухлис беҳ аз ганҷи Лаккону зари холис!» гуфта, дилшоду дилошӯб ба асп нишаст, аммо дилкашол ба Хуҷанд баргашт. Зеро бо мадади шамолаки Моҳпарӣ, ки парда аз сари Нигина боло бардошт, ҳамагӣ як назар ба дилороми дуогӯ нигаристу дил бохт ва фаҳмид, ки аз ин кафтараки дилкаш дигар ҳаргиз дил канда наметавонад…
Дил ба ишқ зинда аст дар тани мард,
Мурда бошад диле, ки ошиқ нест!
Нигинаи покдил, ки бо нияти мухлисӣ ба аспрези Исфара омада буд, довталаби дилнигаронро дилгармтарин ҳаводори дилсӯз ва дилдӯз шуд, бо дилёбиву дилнавозӣ дасту остин барфишонда, барои дастёб шудани ҷавони пирӯзбахт ҷон коҳонд ва фирӯзрӯзро фоли нек, оғози бахту иқболи дилафрӯз пиндошта, дилбаставу дилхеста ба ароба савор шуд, аммо дилхаста сӯйи Ворух роҳ пеш гирифт. Зеро аз теғи нигоҳи падар хиҷолат мекашиду аз теғи забони Назокат метарсид. Хавфу раҷо аз он дошт, ки дар пушти кӯҳи баланд якумр дилбанд мемонад. Яъне банди дили бедори кабутари навболро касе кушода наметавонад.
Хушбахтона, мушкилкушо баробари ба Ворух расидан аз худ дарак дод. Бибинурӣ суханҳои дилошӯб ва дилҳароси Нигинаро дар бораи диловари аспрези Исфара бо дили соф шунида, мағзи гапро аз пӯстпора дарҳол ҷудо кард ва табъи дили духтар лаб ба насиҳат кушод: