Литмир - Электронная Библиотека
A
A

Афзал аз ин гардиши ногаҳонӣ худашро тамоман гум кард, вале маҳмезу тозиёна дигар ӯро мададгор нашуд. Дод мегуфту аз даҳонаш бафч мерехт, лек аспаш торафт суст мешуду аз даҳонаш кафк мебехт. Ва дар чунин ҳолати риққатангез аз ҳама оқиб ба марра расид.

Мирмалик бо сари баланду дили пурнишот гирди аспрезро давр зада, чобук ба замин ҷаҳиду сару гардани Рахшони вафодор ба оғӯш гирифт. Аз ҳар сангу бутаи дашти Моҳпарӣ овозе мешунид, ки «Дуруди Худо бар Мирмалик!» мегуфт. Назокат дастзанӣ мекарду Нигина кафкӯбӣ ва Назорат ҳар дуро шодишарик буд.

Фавҷи шодиро овози мутантани мунодӣ дучандон вусъат бахшид:

– Ғолиби сабқати аспдавонӣ Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандӣ бо уштури сурхи бухтӣ сарфароз мешавад! Агар дар озмуни тирандозӣ ҳам ғолиб ояд, ду нори муқаддас моли ӯ хоҳад шуд!!!

* * *

Сабқати камонварон ихтиёрӣ буду ғайр аз чор-панҷ ғолиби мусобиқаи асптозӣ ҳамагӣ якчанд иштиёқманд ба майдон баромад. Аксар чобуксаворони дамон ва данон, ки лаҳзае қабл мисли мавҷу бод тунду тез ва хурӯшон буданд, фурсате дарангпеша шуданд. Зеро тибқи одат то оғози даври дуюми сабқат лаҳзаи дамгирӣ эълон шуда, аз ҳар канора бӯйи таоми лазиз ба димоғ мезад, ки бо фармоиши ғолибон аз гӯсфандҳои инъомгирифта барои мухлисон пухта шуда буд. Таҳамтанҳо ба давраи муштариёни худ пайваста, бо димоғу иштиҳои равшан нону кабоб мехӯрданду ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Дар ҳалқаи хуҷандиҳо Мирмалик ангуштнамои хосу ом буду ворухиҳо, аз ҷумла духтарони болои ароба низ ба ифтихор сӯяш менигаристанд. Аммо дар қиёфаи фотеҳи майдон заррае тафохур ё такаббур падидор набуд, баръакс андешаманд менишаст – ҳушу хаёлаш ба Сабзалӣ банд буд, ки тибқи аҳду паймони пешакӣ вай дар озмуни камонварӣ бояд ба мавқеи аввал мебаромад. Зеро ба қавли худаш «дар кӯҳистон барои асптозӣ шароит нест, вале хурду калон дар тирандозӣ устухон надоранд». Лекин…

Мантиқан, ҳоло довталаби асосӣ бояд Мирмалик бошад. Инро ҳама медонанд. Вале Сабзалӣ чӣ андеша дорад? Оё вай аз довталабӣ даст кашида, ба ҷойи худ Мирмаликро мегузаронад?

Албатта, роҳи осон гуфтушунид аст. Агар Мирмалик шарт гузорад, ки дар сурати ғалаба нори рахшон аз Лаккон ба Сабзалӣ медиҳад, шояд ӯ розӣ шавад. Балки ӯ бояд розӣ шавад! Аммо… дар ин ҳолат аҳди бародарӣ чӣ мешавад?! Оё ин муқаддасотро фурӯхтану харидан, бо лаълу нуқра иваз кардан мумкин аст? Не, ҳаргиз не!! Мирмалик барои моли дунё шуда, ҳеҷ вақт дили бародархонди худро намеранҷонад. Вай ҳеҷ вақт паймони бародарӣ доғдор намесозад!

Бори гаронеро аз китф дур андохта, Мирмалик ҷониби мунодӣ нигарист, ки гаштаю баргашта сало мехонд:

– Ҳой мардум! Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Тоҷири ҳимматбаланд ва шӯҳратманди Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб ба шодиёнаи тавлид шудани нахустписараш Маҳмадбек озмуни камонвари забардаст эълон мекунад! Ҳар касе илми тир медонад ва ҳунар дорад, ба майдон барояд, тир аз камонҷулла ба нишон расонад ва як киса зари сафедро соҳиб шавад!

Шитобед, майдон аз далер аст!!

Шумори довталабҳо тадриҷан аз сад гузашту сар шуд баҳси тиркушоӣ, ки дар он Мирмалик ширкат наварзид. Ин аз назари Сабзалӣ пинҳон намонд ва худро дарҳол пеши бародархонд расонд.

– Ба ту чӣ шуд, барод? Созӣ? Ай баҳс худта дур кашида, чӣ хапу дам шиштайӣ?

– Осиё ба навбат, бародар! Ману Рахшон ҳунари худ нишон додем. Акнун ту…

– Бе ту ман нафас намекашам дар олам, ки инро худут медунӣ, эй барод! Пеш даро, ки Бойбобо шарти беҳад вазнин гузоштай, ман уҳда карда наметонум…

– Чӣ хел шарт?

Аз ҷавоби Сабзалӣ маълум гардид, ки бо пешниҳоди амлокдори бозори Исфара болои теппаи аз ҳама баланд тирбол – катаки махсусе гузошта, ба дарунаш хурӯси зинда сар додаанду дар шафаташ дори пасти чӯбин сохта, ба он кисаи пур аз нуқраи соф овехтаанд. Шарти Аҳмадбек ин будааст, ки ҳар касе хурӯсро тир занад, халтаи пурнуқраро соҳиб мешавад.

– Вазни нуқра бо вазни хурус баробарай, лекин хурус ай нуқра дуртарай! – гуфт бо алам Сабзалӣ. – Ба тахмини ман, фосилаи байни камондор ва катаки хурусдор ай як тирпартоб зиёдтарай. Бойбобо ҳилаи зур ёфтай, зури ман намерасад…

– Агар зӯри ту нарасад, пас тири ҳеҷ кас ба нишон намерасад!

– Дуруст мегӯйӣ, эй барод! Барои ҳамин, пеш даро, халтаи нуқра моли ҳалоли худут!

– Агар ҳеҷ кас соҳиби мукофот шуда натавонад, он гоҳ майдондорӣ тани ман…

– Гапат маъқул, эй барод! Ман рафтам…

Тахмини Сабзалӣ дуруст баромаду найранги тоҷир кор дод: ҳамаи камонкашҳо хурӯсро ба ҳадаф гирифтанду тири ҳама ба ҳадар рафт! Фақат пайкони Сабзалӣ ба девори катак бархӯрд… «Давлати савдогар сахтӣ кард»-ин маъно аз ҳар даҳане ба шакли ҷумлаи ҳархела садо дод. Баъзеҳо бо писханду ришханд, гурӯҳе бо таассуф ва надомат ин мусобиқаи бенатиҷаро ҷамъбаст карда, саволомез ба теппаи садрнишин нигаристанд, ки Аҳмадбеки хушмӯйлаб низ он ҷо буд. Нигина баръало дид, ки ба гӯши мунодӣ сухане гуфт ва ӯ дарҳол нидо баланд кард:

– Ҳой мардум! Шитоб накунед ва пароканда нашавед! Бозаргони машҳури диёр Аҳмадсайиди Ворухӣ, ки ҳозиракак аз Марғинон омаданд, бародархонди худро шодишарик шуда, ба шодиёнаи меҳмони нав боз як кисаи зар изофа карданд! Оё дар байни шумо тирафкане ҳаст, ки қудрати худро бо анвои озмоиш имтиҳон кунад?! Оё дар байни Шумо камонваре ҳаст, ки бо тири ахтардӯз дили хурӯс парчин кунад ва мукофоти олӣ ба даст орад?! Эй шермарди худо, ба майдон баро!!!

Дашти Моҳпарӣ лаҳзае сукут варзид ва оҳиста таркид: аз давраи меҳмонҳо марди тануманди яктаҳи беостин дар тан ва камони садманӣ дар даст бо таҳаввур аз ҷой хест. Ин далерию ҷасорати аз ҳад зиёдро нимаи мардум бо таҳайюр ва чапакзанию ҳуштаккашӣ таҳният гуфтанд. Аммо кулли исфарангиҳо ва дигар ашхоси огоҳ довталабро шинохтанд ва пай бурданд, ки Аҳмади тоҷир ганҷи шойгон ба бегона доданӣ нест ва ин нақшаро пешакӣ тарҳрезӣ карда, навкари кироя Холмати Чочиро зархарид овардааст, ки ҳақиқатан ҳам камонвари чирадаст буда, бегумон шодиёна ба даст меорад.

Абдулмаҷид бо танаффур даст афшонда, бо чашми умед Абдулсайидро нигарист:

– Оё говҷигаре бошад, ки ин гови сиёҳро мағлуб гардонад?

– Ҳаст! – дилпурона садо баровард Назокат. –Ман ҳеҷ вақт намемунам, ки пули додою амакбобои мана одами бегуна гирад. Илло-билло ки рудаю ишкамбаша нохун катӣ чок мекунам!

– Офарин, гурбашери амак! – баланд хандид Абдулсайид. – Хубаш, худат ба майдон баро!

– Ман чува мебурумадиям?! – ҳазлро нафаҳмида, сахт барошуфт Назокат. – Ба ҷойи ман акои Мирмалик камунҷанг мекунад, ин гови сиёҳа ба хок яксун мекунад!

Ин лаҳза Мирмалик дар соягӯшае ба саманди дилбанди худ машварат дошту ҳис кард, ки ёру дӯстон, ҳамшаҳриҳо ва мухлисони қадиму ҷадидаш бо хоҳишу умеду боварӣ сӯяш менигаранд. Зеро дар дабиристон миёни ҳамсабақон дар тирандозӣ ҳамто надошту азбаски тираш қариб хато намехӯрд, қадарандоз мегуфтандаш. Бозувони Рустамона, ки дошту тири камонаш ба дуриҳои дур мепарид, қодирандоз меҳисобидандаш… Мантиқан, аз ҳарифи имрӯза пешдасту бартар аст. Вале… оё мурғи Ҳумо ба китфаш менишаста бошад?

Бо чунин андешаҳо гирдогирди аспрезро аз мадди назар гузаронда, ба аробаи назди даромадгоҳ чашмаш афтиду Абдулсайид ва Абдулмаҷидро шинохт. Ҳамоно панди тағояш дар буни гӯшаш садо дод, ки қабл аз дуо гуфта буд: «Таваккал нар асту андеша мода, ҷиянам. Дар лаҳзае, ки ҷавонмардӣ мебояд, андешамандӣ нашояд!»

Табассум дар чеҳраи Мирмалик гул карду панди падар ёдаш омад: «Афзалият аз ҳариф далели фавқият аст, яъне нишонаи бартарист. Фавқият бошад, далели ғолибият аст, писарам!».

Дигар ҳоҷати истихора намонд. Мирмалик далеру чобук аз ҷой хест. Камон аз ҷӯла бароварду тирдон ба китф овехт ва бебок қадам ниҳода, ба майдон даромад. Ӯро дарҳол шинохтанд ва нек истиқбол карданд. Хуҷандию ворухиҳо яксара ба по хеста, кӯлоҳ ба боло ҳаво дода, гӯё ки аллакай ғолиб омада бошад, баробар «Мир-ма-лик! Мир-ма-лик!!» мегуфтанд. Нигинаю амакдухтаронаш низ баробар қанотак зада, пешу қафо сар аз болопӯши ароба берун оварданд.

Аз чунин пазириш Холмати Сиёҳ лаҳзае карахт гашту қаҳролуд шуд. Вале сир бой надоду аз аспи ғурур поён нафуромада, бо овози димоғӣ дӯғу даранг кард:

27
{"b":"811588","o":1}