– Хоҳӣ, ки ба муроди дил расӣ ва хушбахт шавӣ, дил қавӣ дор ва асло сустӣ накун, эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!
Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:
– Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест… Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад…
– Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст…
– Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!
– Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад…
Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?
Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:
– Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!
Очанурӣ мулойим хандид:
– Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад…
– Агар ҳамроҳ равем, намешавад?
– Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист…
Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад…
Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад…
Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо, вале ширинтаъм чашми ҳайрат кушодаю ангушти ҳайрат газида, муддате дар лаби ҷӯйи равон нишасту тарҳи сӯҳбатро ба риштаи хаёл кашид ва дудила сӯйи устохона равона шуд.
Усто Абдулсайид, ки бо ҳавсалаи том васса метарошид, аз ташрифи ногаҳонии духтар безобита шуда, хотирпарешон аз ҷой хест.
– Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?
– Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.
– Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!
– Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту… шумоя хабаргирӣ омадам.
– Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.
– Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад…
– Наход?
– Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд, – овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид. – Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!
Абдулсайид, ки чунин оғоз ёфтани сӯҳбатро интизор набуду аз ташрифи ногаҳонии духтар маънии дигар бардошта буд, гунаҳкорона табассум намуда, пеши Нигина омад ва сари ӯро бо меҳр ба сандуқи сина часпонда, тахтапушташро бо кафи дасти обиланок навозиш карду лаб ба тасалло кушод:
– Гилаат нури дида, духтарҷон. Дуруст мегӯйӣ, додаракатро беҳад дӯст медорам. Лекин… ҷойи ту дар мағз-мағзи ҷонам! Аз тамоми мавҷудоти олам ту барои ман беҳтарини беҳтаринӣ, духтарҷон, ки маро ба хушрӯзӣ расондӣ.
– Меҳри гарми шумоя бисёри бисёр ҳис мекунам, додоҷун, лекин сухани нарми шумоя вақтҳои охир кам мешунавам… Ҳатто… як шабу як рӯз дар як ароба ҳамроҳ аз Исфара умадему шумо лоақал бо ман чор калима гап назадед…
– Тамоми роҳ бо Назокат баҳсу талошу гапгузаронӣ кардед. Баҳси шуморо шикастан нахостам…
Нигина чашмонашро аз нигоҳи мӯшикофи падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:
– Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ – Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!
– Оҳистатар! – аз остини хоҳар кашид Назорат. – Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда…
– Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз… аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!
Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»
– Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад? – дарҳол оташ гирифт Назокат. – Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай…
– Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?
– Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ… ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку…
– Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.
– Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам… Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.
– Чӣ хел?
– Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон…
– Хаёли хуш, вале амри муҳол аст! – хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд…
– Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?
– Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад…
– Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол… Намедунад, ки сараша ба куҷо занад…
– Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!
– Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!
– Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду…
–Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ… Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад… Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».
– Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!
– Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!
– Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин… ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!
– Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар забона мезанад.
– Сайру тамошо рафтан мехоҳад?