– Не, додоҷун. Яковоза мегӯяд, ки «Сангу хоку гову хари Ворух ба дилам зад, Хуҷанд мераваму халос!» Боз мегӯяд, ки «аз деҳ шаҳр беҳ…»
– Ҳамааш фаҳмо, духтарҷон! Гапи носазои носипосро дигар давом надиҳӣ, хубтар… Вай ҳанӯз кӯдак аст, аз нодонӣ девонатарошӣ ва дилхарошӣ мекунад.
– Девонаи ба кори худаш ҳушёр амакдухтари ман! Ин пагоҳӣ савганд ёд кардааст, ки ба Хуҷандравӣ иҷозат надиҳанд, ҳеҷ таом намехӯрад.
– Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сарӣ нест. Ҳамааш айби ман… Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро баҳси шуморо нашикастам!? Акнун акоям чӣ мегӯянд??
– Ба фикри шумо чӣ мегӯянд?
Абдулсайид аз саволи печида печ хӯрда, бо заҳрханд ба теғи ранда нигаристу муддате хомӯш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:
– Ба фикри ту чӣ мегӯянд?
– Мегӯянд, ки баҳор шавад, боз ба тамошои Наврӯз меравем, – дарҳол ҷавоб гардонд Нигина ва афзуд. – Акнун навбати посух аз шумо, додоҷун: амакам чӣ мегӯянду амакаш чӣ андеша доранд?
–Амакаш ба ҳама гапу кори амакат розӣ, ки инро ту хуб медонӣ, духтарҷон! – аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. –Ҷавоб ба саволи асосӣ ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дарҳол вайро ба Хуҷанд бурда, ҷо ба ҷо мекарданд, то дилшикаста нашавад.
– Назокат чӣ хел пойбаста?!
– Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои деҳа номзад шудагӣ, соли оянда тӯю тамошо мешавад. Аз ҳамин сабаб Назокат сад зӯр занад ҳам, ба ҷойе ҷунбида наметавонад.
– Савгандаш чӣ мешавад?
– Амакат барои харидани куртаю ҷома ва зару зевари арӯсӣ Назокатро дертар нею барвақттар ба Хуҷанд мебаранду гап тамом – қасам шикаста мешавад!
Ба чунин осонӣ ҳал гардидани муаммо ва хориҷ шудани як муддаӣ дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтугӯйи асосӣ – сӯҳбати рӯёрӯ ва ҳалкунанда бо падар акнун шурӯъ мешаваду барои дилрас гардидани ҳусни оғоз ва сарҷамъ намудани фикрҳои парешон андаке таваққуф мебояд. Аммо падар хомӯширо хотимаи сӯҳбат ҳисобид ва хурсанд шуд, ки ба ҳама пурсишҳо ҷавоби қаноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ҷой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:
– Ҳамин қадар сӯҳбат кардему ғайр аз байту ғазали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додоҷун. Лоақал напурсидед, ки «эй духтари ҷон, чӣ ҳол дорӣ?»
– Ҳоҷати пурсидан не, духтари ҷон! Мебинам, ки сиҳату саломат, мисли гул шукуфон ҳастӣ!
– Шумо ҳам дигар додоҳо барин: фақат рӯйи духтара мебинеду ба дилаш нигоҳ намекунед…
– Дили духтар назаргоҳи модар асту вай ҳар он чӣ бинад, дарҳол ба падар хабар медиҳад. Осуда бош, эй духтарҷон, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дорӣ. Имрӯз сабабашро фаҳмидам, ки қалби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст…
– Боз гапи Назокат… Дарвоқеъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Хуҷанд мерафт. Поям, ки баста нест, додоҷун, оё ман ба ҷойи дилхоста сафар карда метавонам?
– Ба куҷо?
– Фарз кардем, ба Хуҷанд…
– Аз кӯҳу санги Ворух ту ҳам дилхунук шудаӣ?
– Не, додоҷун, кӯҳи Ворух боиси сарбаландии ман, санги Ворух беҳтарин нозболини ман асту чангу хокаша ба чашмам тӯтиё мекунам! Лекин… баъзан ба назарам чунин менамояд, ки дар Ворух намеғунҷам…
– Исто, духтарҷон, гапатро гум накарда, маро гӯш дор. Ту кӯдаки ширхора будию баҳрамони гулдӯзӣ дар бар доштӣ, шӯху беқарор будию лаҳзае дар бағал ором намеистодӣ ва боре аз бетоқатӣ баланд гиристӣ. Саросема ба лаганди мис ангушт задам, то аз садояш ором гирӣ. Вале баръакс, беист дасту по ҷунбонда, мисли одами калонсол ба рақс даромадӣ. Арғушти тифлонаи туро дида, беихтиёр ба модарат гуфтам, ки «бо ин дасти чусту пойи чолок духтарамон калон шавад, дар Ворух намеғунҷад».Маълум мешавад, ки он лаҳза фариштаҳои даргузар омин кардаанду он суханро имрӯз ту гуфтӣ!
Аз ёддошти бамаврид Нигина ба ваҷд омада, худро беибо ба оғӯши падар андохт:
– Мана бисёри бисёр хурсанд кардед, додоҷун! Бори дигар бовар кардам, ки муҳаббати падар аҷаб ҳаловате дораду сӯҳбаташ аҷаб таровате!
Ман ҳамеша мефахраму меболам, ки аз чиллаи чормоҳагӣ то имрӯз чароғи меҳру муҳаббати шумо дар тори сарам офтоби тобон аст. Бароям дафча сохтану чангу рубоб овардан ғояти дӯсткорию дӯстдориҳои шумост, эй падари меҳрубон! То ҷаҳон бошад, офтоби болои сарам бошед, додоҷун!
– Саломат бош, духтарҷон! Акнун равшантар бигӯ, чаро дар Ворух намеғунҷӣ?
– Ҳама сабақҳои мактабхоная пурраю барзиёд азхуд кардам. Ҳама дониши Очанурӣ дар мағзи сарам ҷо гирифтагӣ. Акнун барои давом додани таҳсил ба Хуҷанд рафтанӣ. Дар ин шаҳри бузург бар ҳар қадаме як бибиотун сабақ меомӯзаду китобхонаи калон ҳаст…
– Дуруст мегӯӣ, духтари ҷон, Хуҷанд макони илму маърифат аст. Лекин дилам гувоҳӣ медиҳад, ки сабаби аслии ба Хуҷанд рафтани ту дигар аст…
– Ҳазор сухан дар таҳи дилам пинҳон аст, додоҷун. Бовар кунед, баъди ёддошти шумо дигар мӯҳр бар лаб нишаста наметавонам. Лекин… намедонам, гапа аз чӣ сар кунам?
– Аввал ба ман фаҳмон, ки чаро дар Ворух намеғунҷӣ?
– Аз бозе, ки ба лавҳу хат пардохта, сиёҳ аз сафед фарқ кардиям, худама тани танҳо ҳис мекунам, додоҷун. Ҳамсабақҳо, ҳамсоядухтарҳо ҳастанд, лекин дилхоҳу дилқарин нестанд. Ҳатто амакдухтарҳоям дар кошонаи қалбам маъво надоранд. Яъне, дугона надорам, додоҷун, яккаву танҳоям… Лекин ду ҳафта дар Хуҷанд будам ё не, ду хоҳархонди меҳрубон ёфтам.
– Ту чӣ гуфтанӣ? Наход духтарҳои Ворух ҳама бад бошанд?!
Дар ҷавоби саволи соядори падар Нигина як лаҳза сукут лозим шумурду бо овози ҳазин гуфт:
– Не, додоҷун, ман ҳаргиз чунин нагуфтаам ва намегӯям. Ҳама духтарҳои хубанд, айб дар ман аст. Шаб то рӯз парӣ дар хоб мебинаму фақат бо моҳу ситора сухан мегӯям. Агар ин ҳол бардавом мунад, бовар кунед, додоҷун, аз зиқӣ дилкаф мешавам.
– Худо нигаҳ дорад, духтарҷон! Чаро ин гапҳоятро барвақттар ба модар нагуфтӣ?
– Гуфтам, додо! Вале дуруст эътибор надод. «Зиқ нашав, – гуфт. –Ту, ки духтари яккаву ягона ҳастӣ, ба танҳоӣ одат кардаӣ, бо дигарон унс гирифтанат душвор. Лекин ин ҳолат дер давом намекунад, калонтар шавӣ, ҳамааш нағз мешавад».
– Гапи ман мегуфтагиро пештар гуфтааст модарат. Дил фарох дору бо ҳамсолонат бо хубию хушӣ бештар нишин, духтарҷон! Панди Шайхурраис Бӯалиро ҳеҷ фаромӯш накун, ки муоширати бадро тангтарин зиндон барои инсон меҳисобад.
Аз таъкиди падар Нигинаи дилозурдаро гули рӯяш пажмурда гашту ларзон аз ҷой хест:
– Дар орзуи он ки бо ман дугонаи қарин шаванд, ҳатто бо духтаракҳои даҳсола омехтам, додоҷун! Дар ҳар маҳфилу маърака фақат барои хушҳолию хурсандӣ ҷон мекоҳонам. Табъи дили духтарҳо суруд мехунаму мерақсам ва ҳама бо шодмонӣ каф мекӯбанд. Вале вақти зиёфат манзара тамоман дигар мешаваду хурду калон бо ман намешинанду намегуянду намеханданд… Дар Хуҷанд бошад, ҳини зиёфат болонишин будаму барои рақсу бозӣ мукофот ҳам гирифтам.
Дар Хуҷанд амакдухтарам Назокат аз барам ҷудо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегонаҳо худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «ҳама дар ғайбат туя бо кароҳат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мегӯянду якҷоя таом хӯрдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додоҷун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!
–Аз он каҷназар хафа нашав, ки каҷбаҳсу каҷандеш аст! Умуман, аксар духтарҳо бахилу нотавонбин мешаванд – аз худашон хушрӯю парирӯю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтарҷон, боз андак таҳаммул намо…
– Не, додо, дигар таҳаммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар якҷо буда наметунам. Ва намехоҳам!
– Духтарҷон…
– Маро сарзаниш накунед, додоҷун! Азобу кулфати кашидаам бас… Дар ҳар маҳфиле хоре ба дили ман мехалад… Ранҷу азоб то кай? Дигар тоқат надорам, додоҷун! – Нигина худро дошта натавониста, аз мағзи ҷигар навҳа кашид. Абдулсайид сарҳисоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасаллӣ калимаю ибораи таъсирбахш меҷуст.
– Гиря накун, духтарҷон. Бас! Худатро ба даст гир. Илоҷи корро меёбем… Андаруни дилат ин қадар дарду доғ будаасту ман бехабар…