– Аз ин зиёдтар тоқати дарду доғ надорам, додоҷун! Ягона пушту паноҳу чорасозам шумо… Сӯзи дил дигар ба кӣ мегӯям? Дар авлодамон ғайри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додоҷун!
– Гуфтам-ку, гиря накун, илоҷашро меёбем.
– Ман ба шумо бовар дорам, додоҷун! – Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора меҳраш ба падари меҳрҷӯ ҷӯшид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо оҳанги савганд гуфт: – Шумо ҳам ба ман бовар кунед – ваъда медиҳам, ки ҳеҷ вақт аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фақат илтиҷо дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ҳаргиз рӯйи худро бо оби дида нашӯям…
– Дилпур бош, духтарҷон! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ҳасад дар паноҳаш нигаҳ дорад, духтарҷон! Ҳар ҷое, ки бошӣ, умрат бекарону судат безиён бод! – чароғи меҳрубониро баландтар фурӯзон кард Абдулсайид. – Ба устои гулдаст фурсат деҳ, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. Қасам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба мақсаду таманнои дилат бегазанд расӣ ва ҳар куҷое қадам ниҳӣ, гул шукуфад…
Нигина бар қавлу қасами падар мутмайин гардиду бо хотири ҷамъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанурӣ баргашт. Вай акнун аз шодӣ дар Ворух намеғунҷид…
* * *
Рӯзи сеюми сафар, вақте ки аз нури офтоб олам мунаввар гашт, аробаи мӯҳташам ва муҷаҳҳази Аҳмадсайид ба дарвозаи Хуҷанд расид. Дарзамон чеҳраи Нигина кушода гашту нафаси гарм аз дили пуроташ берун оварда, Назокатро нихта намуд, то аз хоби ғафлат бедор шавад: «Хез, амакдухтар, ба Хуҷандшаҳр расидем!» Ин бигуфту саволомез ба Бибинурӣ нигарист, ки дона-дона тасбеҳ гардонда, ҳар замон ба атроф назар меафканд. Вай хитоби духтари беқароргаштаро шунидан ҳамон «Алҳамдулиллоҳ, ки сиҳату саломат ба манзил расидем» гӯён, анҷоми зикри чоштгоҳиро воҷиб донист. Назокат бошад, саросема аз халтаболишти сафарӣ сар бардошта, бо чашмони нимкоф берунро нигаристу хоболуда пурсид:
– Канӣ вай?
– Кӣ?
– Мир…
Назокат дигар ҳарфе гуфта натавониста, ними калимаро бо душворӣ фурӯ бурду аз хиҷолат суп-сурх гашта, узромез ба Бибинурӣ нигарист ва ноӯҳдабароёна риштаи саволро дигар ҷониб кашид:
– Мири ароба канӣ?
Бибинурию Нигина базавқ хандиданду аробакаш низ ба онҳо ҳамроҳ шуд:
– Ман дар ҷойи худам. Чӣ хизмат?
– Аробая доред! Ман дасту рӯ мешӯям…
Баъди баргаштани Назокат, ки худро дар ҳолати ногувор гузошта буд, Бибинурӣ хост, вайро аз хиҷолат барорад:
– Менамояд, ки ту ҳам мисли ман Мирмаликро пазмон шудаӣ, эй ҷони оча…
– Ҳа, оча. Нигина ҳам пазмон шудагӣ…
Аз луқмаи бадҳазми амакдухтар ғаши Нигина омаду хост ҷавоби обдор гардонад. Вале Бибинурӣ имкон надода, Назокатро бо ширинзабонӣ ба сӯҳбат кашид.
– Гапат ҳақ асту рост. Ҳамаамон Мирмаликро пазмон шудаем. Ин хел ҷавони диловару паҳлавону қаҳрамон маҳбуби ҳамагон аст. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд. Росташро гӯй, ҷони оча, барои Мирмалик аз Ворух ягон тӯҳфа овардӣ ё дастхолӣ омадӣ?
– Як гала тӯҳфа овардагӣ ман! Чор дастрӯймоли ҳаррангаи зеҳтиллою ду камарбанди тору пудаш заррин барояш армуғон овардаам, ки бо дасти худам гулдӯзӣ кардагӣ. Як ҷуфтӣ тоқии қаланфургулу ҷуроби дастибофи рангинкамон аз пашми бузи кӯҳӣ овардагӣ. Аз беҳтарин зардолуи Ворух – хурмоӣ чор кулчахурмо сохта овардаму як халта зардолуқоқи яккагини мирсанҷилӣ. Ду чойхалта мағзбирёну тутмавиз алоҳида-алоҳида. Боз як чойхалтагӣ зирку зираю пудинаи кӯҳӣ. Боз…
– Шуд, ҷони оча, ҳамин қадараш кифоя. Лекин… Ин тӯҳфаҳо канӣ?! Мабодо-ку дар Ворух фаромӯш накардӣ?
–Ҳамин қадар сӯхтаю пухта тӯҳфаҳои хелмахел тайёр кардаму наход фаромӯш кунам?! Ҳамааш дар аробаи дигар, очаҷон. Падарам ба ӯҳда гирифтанд, ки то Хуҷанд березу чош мерасонанд. Тӯҳфаҳои Нигина ҳам дар он ҷо.
– Нигаҳбони тӯҳфаи ман Шайхбобо…
– Ту чиҳо тӯҳфа овардаӣ?
– Ман ҳам кулчахурмою мирсанҷилӣ, зирку зира ва себу биҳӣ овардаам. Лекин… барои Бобокалони Бузург ва Гулсимою Саодат…
– Ба Мирмалик чӣ?
– Ҳеҷ чӣ. Бо Назокат маслиҳат карда, тӯҳфаҳоро ҳисса-ҳисса тайёр намудем.
Вақти гуфтани ин суханҳо рӯйи чапи Нигина андаке сурх шуд. Зеро дурӯғи маслиҳатомезро аз рости фитнаангез авло дониста, бехи гапро пинҳон дошт…
Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки тахмин баъди даҳ рӯзи сӯҳбати рӯёрӯ падару духтар боз як гуфтугӯи маҳрамона оростанд. Ин дафъа Абдулсайид ташаббускор шуду ба Нигина дарак дод, ки масъалаи Хуҷандравӣ ҳаллу фасл шудааст:
– Охирҳои моҳ Шайхбобою очакалони хуҷандӣ рахти сафар мебанданду тую Назокат ҳамроҳи онҳо меравед. Барои таҳсил дар мадрасаи занона…
– Назокат дар Хуҷанд мемонад?!
– Не, духтари ҷон! Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд.
– Чӣ хел ҳила?
– Бовар кун, духтари ҷон, ба ман сир накушоданд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки «оқибати кор бахайр мешаваду Нигина шоду хурсанд дар Хуҷанд мемонаду Назокат шоду хурсанд ба Ворух бармегардад». Ҳарчанд зора кардам, дигар лом накафонданду бо табассум «сирри мардон пӯшида» гӯён, гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки хомӯшӣ беҳтарин пардадори роз асту ту ҳам ҳушёр бош, духтарҷон! Зеро агар ин рози пинҳон аз даҳонат берун раваду ба гӯши Назокат расад, ояндаи худат торик мешавад…
Баъде ки Нигина сидқан қавлу қасам кард, падар бо меҳр дасти духтар гирифту бо оҳанги боварибахш гуфт:
– Акнун туро насиҳате мекунам, духтарҷон, ва имонам комил, ки маро бо гӯши дил мешунавӣ: аз ин пас, дар шаҳри мусофирӣ, изни ту ба дасти Пирам Шайх Бурҳониддини Валӣ аст; эшонро даҳ баробари падарат иззату ҳурмат мекунӣ, бе иҷозаташон коре ва бе рухсаташон рафторе намекунӣ ва ҳамроҳ бо сари баланд бозгашт ба Ворух меойӣ!
Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.
Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:
– Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо – ту!
…Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:
– Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат… ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон… Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?
Ба маънои таҳтонии саволи душвор дуруст сарфаҳм нарафта, Назокат ҷавобро осону мухтасар кард:
– Акои Мирмалик албатта ҳамроҳи дигарон барои пешвозгирӣ меоянд. Ҳама тӯҳфаро бо ду дасти адаб ба дасти муборакашон месупорам!
Гапи болои ароба, мутаассифона, ба лаҳзаи истиқбол рост наомад: дар байни пешвозгирандаҳо Мирмалик набуду дар ҳавлӣ ҳам нанамуд.
Назокат дилтангона ин сӯ – он сӯ нигаристу тоқаташ тоқ шуд:
– Духтарҳо, Мирмалик канӣ?
– Дар Ғӯрганҷ.
– Куҷо-оо??
– Пойтахти Хоразм. Акоям сарбози Хоразмшоҳ шудагӣ.
– Аз кай?
– Се моҳ пештар… Баъде ки дар Исфараи шумо ситораи навқирон шуду ба замину осмон шаъшаъа пошид, Хоразмшоҳи ҳамабин намояндаи махсус фиристода, ба Ғӯрганҷ бурд.
– Кай меоянд?
– Худо медонаду подшоҳ…
–Вай шаҳра номаш Урганҷ буд ё Гурганҷ… дар куҷо? Аз Хуҷанд дур ё наздик?
– Аспи хушрав дар чил рӯз мерасад. Бо киштӣ ниммоҳа роҳи обӣ…
– Хеле дур будааст ин гуршаҳр… Рафта наметавонам… Уф-ффф…
Назокат нохост калавиду ба замин нишаст. Рухсораи аноррангаш дар они воҳид мисли пахтаи нимхоми аз ғӯза кашида сафедчаи кабудфом ва бетароват шуд. Бо душворӣ нафас кашидаю чаппаю роста забон гардонда, ҳарфу ҳиҷои муғлақ мегуфт. Ҳама пакар гаштанду Нигина барқвор пеши амакдухтари нимзиндаю ниммурда омад ва гӯш ба даҳонаш наздиктар бурд. Бо душворӣ шунид, ки Назокат оби ях барин хунук мехоҳад…
– Духтараки бечора аз роҳи дуру дароз хастаю шалпар шудааст, – оромона садо баровард Бибинурӣ ва Нигинаро фармуд, ки ӯро ба хонаи канорӣ бурда, муддате ҳамроҳ нишинад. – Натарс, ин дарди бахайр, тез мегузарад. Ба падараш хабар додан ҳоҷат не…