Литмир - Электронная Библиотека
A
A

Ҷумлаи охирин тарсу ларзро аз андоми Нигина дур афканд. Фаҳмид, ки ҳам барои Бибинурӣ ва ҳам барои амакбобояш ба садамаи асаб гирифтор шудани Назокат ҳодисаи ғайричашмдошт нест! Дарҳол гапи пардапӯши падар ёдаш омад: «Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд». Чӣ будани ҳиларо Нигина он рӯз намедонист, аммо имрӯз сарфаҳм рафт. Бори дигар бовар кард, ки амакбобояш ҳам тоҷир ва ҳам шоҳмотбози моҳир аст: ба духтари маҳбубаш ягон ҳарфи тунду тез нагуфта, ба қалби ҳассос ва буғранҷи вай заррае ранҷу озор нарасонда, имкон додааст, ки табъи дили савдозада амал кунаду то Хуҷанд расад ва худаш бовар кунад, ки мурғи бахти хаёлиаш ҷойи дигар паридааст. Бигзор андаке ба ҳаяҷон ояд, лек худаш аз савдои хом дилхунук шавад…

Тадбири ақли ҳилагар натиҷаи дилхоҳ доду оши бемаслиҳат табъи дили падар пухт. Назокати дунёбехабар, ки амсоли дигар ҳамсолони қишлоқияш нопухтаву хомрой буд, пас аз ошуфтану сӯхтани лаҳзавӣ чун абри сиёҳдили тирамоҳ ашк рехтан оғоз кард. Хеле гиристу дилашро холӣ намуд ва ақли кӯдаконааш тадриҷан равшан гардид. Фаҳмид, ки дидори Мирмалик бо оби дида муяссар намешавад. Маслиҳатҷӯёна Нигинаро нигарист:

– Акнун чӣ кор мекунем, амакдухтар?

– Аз Бобокалони Бузург фотиҳа гирифта, ба мадраса меравем. Мехонем, то…

– Эй Нигина! Ту дар Хуҷанд меистӣ??

– Албатта. Охир, мо ба нияти хондан омадагӣ… Чӣ, магар аз қавлат гаштӣ?

Назокат, ки аз Ворух то Хуҷанд – тамоми роҳ забонаш мисли андалеб дар тараннум буду лабонаш чун гул ғарқи табассум ва гаштаю баргашта шаҳри соҳили Сайҳунро таърифу тавсиф мекарду нақшаҳои болохонадор мекашид, ҳоло шабеҳи мусичаи убол пату пари кашол, чашми каҷхамида дошт, оби даҳонашро бо азобе фурӯ бурда, базӯр курр-курр намуд:

– Ман ба ҳеҷ кас қавл надодаам… Аз ҳеҷ кас забонкӯтоҳ нестам… Бо чашми худат дидӣ, ки баробари ба Хуҷвнд расидан аҳволам чӣ хел табоҳ шуд… Боду ҳавои ин шаҳр ба дилам нафорид… Аз ҳамин сабаб меравам…

– Ба Ворух меравӣ ё Ғӯрганҷ?

– Пичинг назан, амакдухтар, дилам танг шудагӣ, парс мекафад… Албатта бозгашт ба Ворух меравам, ки хуштар аз он ҷойе набошад.

– Ихтиёр турост… Лекин… ҳадяҳоро чӣ кор мекунӣ?

– Ман ҳам Бобои Хуҷандӣ дорам, садри бозори Хуҷанд Маҳмуди Бозаргон. Ҳамроҳи падарам барои харидани зару зевар равем, зардолую мағзу чағз дастовези мо мешавад…

– Камарбанду дастрӯймолҳо…

– Фикру хаёли бад накун, амакдухтар, ин тӯҳфаҳоро ба соҳибаш месупорам…

– Чӣ хел?!

– Баъдтар мебинӣ… Дарвоқеъ, дафъаи гузашта пеш аз ҷашни Наврӯз лаби дарёи Сайҳун рафта будӣ, а?

– Ҳа.

– Роҳро медонӣ?

– Албатта.

– Илтимос, амакдухтар, дарёро ба ман нишон деҳ…

– Чаро?

– Натарс, амакдухтар, ман ҳеҷ вақт худро ба об намепартоям. Аз зиндагӣ умеди калон дорам. Фақат… дарёро тамошо кардан, мисли ту бо оби равон сухан гуфтан мехоҳам…

Амакдухтарон дар соҳили Сайҳун муддате сукут варзида, ба тамошои манзараҳои дилфиреб машғул шуданд.

Қулфи хомӯширо Нигина шикаст:

– Аз ғам холӣ шав, эй амакдухтар. Рози дил ба дарё рез…

Назокат ҳарфе нагуфта, бастаеро аз зери бағал берун оварду бо тамоми қувват ба мобайни дарё ҳаво дод.

– Назок, чӣ кор кардӣ?!

– Орзуи дил ба об андохтам.

– Равшантар гап зан, амакдухтар, чиро ба об партофтӣ!

– Вақте гуфтанд, ки «аз Хуҷанд то Гурганҷ ниммоҳа роҳи обӣ» ин ният дар сарам пайдо шуда буду онро ту пазондӣ, амакдухтар. Худат дидию агар зарур шавад, шаҳодат медиҳӣ, ки ман камарбанду дастрӯймолҳои армуғониро ба соҳибаш роҳӣ кардам, – овози Назокат ларзиду ҳой-ҳой гирист. – Дареғу дард, ки дар Хуҷанд дари бахту орзуҳоям кушода нашуд, амакдухтар. Ба умеди шодӣ омада, гирён шудам… Дилшод омада, дилшикаста шудам… Сирри дил пурра ба Сайҳун гуфтам ва аз оби равон илтиҷо кардам, ки дастовези бо ҳазор умед овардаи духтараки содаи қишлоқиро ба соҳибаш расонад…

Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…

Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!

Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…

* * *

Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:

– Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!

Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:

– Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!

– Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, – баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. – Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.

– Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?

– Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.

– Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…

– Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?

– Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.

– Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?

– Ним гап ҳам нест! – мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. –Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.

– Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! – гуфт бо истеҳзо Гулсимо. – Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!

– Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! – ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. – Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.

– Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:

Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,

Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!

– Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.

– Киҳо онҳо? – зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:

– Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…

Гулсимо дарҳол эрод гирифт:

– Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!

–Яғминоз – духтари ҳоқони Чин, Нуран – духтари малики Ҳинд, Насрин – духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити – духтари Қайсари Рум, Озариюн – духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ – духтари Хоразмшоҳ.

– Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…

– Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?

–Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.

– «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! – бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.

– Покдоманӣ иффат аст! – бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. – Даҳ равзана дорад – ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…

– Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!

– Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…

– Оре, дугона, барои ҳамин то ҳол муҷаррад акоям. Бистуҳафтсола шуду…

32
{"b":"811588","o":1}