Литмир - Электронная Библиотека
A
A

Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд – мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.

Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону – нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд…

Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.

– Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст, – хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид. – Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд…»

– Он шоир худат нестӣ?

– Не. Вале ман ҳам дар ҷавонӣ як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ҳаст:

Дар фироқат, эй Сайида, зору ҳайрон мондаем,

Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.

Бӯ накарда накҳати гул, ту шудӣ Санги Арӯс

Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.

Ҷавобан ба нигоҳи саволомези муаллиф меҳмони латифтабъ маҷбур шуд, ки таассуроти худро фошофош гӯяд:

– Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбеҳу суханҳои он шоире, ки қаблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. Кӣ будани ӯро саҳеҳ гуфта метавонед?

– Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.

– Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!

– Шумо чӣ?

– Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.

– Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед? – бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд – агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.

Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:

Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,

Санги Арӯс Сайидарост кошона.

Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз

Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.

Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:

– Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!

Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.

Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!

Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…

– Омад ба сарам он чӣ метарсидам! – даст ба пешонӣ зад роҳбалад. – Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…

Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:

– Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.

Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:

Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,

Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.

М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,

К-аз булбулу гул баргу навое дорем!

Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.

* * *

Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.

– Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, – гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. – Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.

Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:

– Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…

Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:

– Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам…

– Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад…

– Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.

– Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат…

– Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!

– Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ…

– Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ…»

– Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.

Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…

– Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:

Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,

9
{"b":"811588","o":1}