Литмир - Электронная Библиотека
A
A

– Агар ягона илоҷ ҳамин бошад, мо хилоф нестем…

– Барака ёбед, ака. То умр вафо кардана ба шумо вафо мекнам, ака!

Мирмалик даъват ё ишораи амакро интизор нашуда, паҳлӯи писараки саргаранг омад, номашро пурсид ва гарм дар оғӯш гирифт:

– Акнун ту бародари ман астӣ, Сабзалӣ! Асло туро намеранҷонам ва намегузорам, ки касе чалама чатӣ када, ба ту ранҷу озор расонад…

Вақте Мирмалику Сабзалӣ ба синни балоғат расиданд, амаки Мирфозил ҳар дуро наздаш шинонду пурсид:

– Аҳди бародарӣ ягон бор нашикастаед?

– Не, амака! – баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.

– Офарин ба ҳар дуятон! Минбаъд низ ба ҳеҷ аҳди худ хилоф накунед. Имрӯз, ки ба синни балоғат расидаед, як қонуни асосии зиндагиро бароятон таъкид мекунам: аҳди бародарӣ мисли ақди никоҳ муқаддас аст! Ду дӯст ду дасти як инсон аст, ки якдигарро мешӯяд, пок медорад, гарм мекунад ва ҳифз менамояд. Фаҳмидед?

– Фаҳмидем ва итоат мекунем, амака! – боз баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.

– Имрӯз, ки болиғ шудаед ва чун сарв ба осмон сар кашидаед, мояи ифтихори падарони худ бошед. Пешиниён дар рӯзи балоғат миёни писари худро бо камарбанди заррин маҳкам мебастанд. Ҳолӣ ин амал дар хатнасур иҷро мешавад. Вале мо – хуҷандиён, ки расму ойини ниёконро чун гавҳари чашм пос медорем, дар рӯзи балоғати писар ҳатман ба вай тӯҳфаи хубманзар эҳдо мекунем. Бо маслиҳату ваколати падарон ба ҳар кадоматон имрӯз яктоӣ саманди бодпо ҳадя мешавад.

Мирфозил додархондҳои хушҳол ва дилшодро назди галаи аспони тозӣ оварду фармуд:

– Маъқулашро интихоб кунед!

Мирмалик аз галаи аспони адҳамӣ сурхи ҷигарияшро маъқул карду Сабзалӣ аз байни хингзеварон хокистарранги холдорро писандид ва дарҳол онро Хинги магасӣ номида, чуст савор шуд. Мирмалик низ чолок ба сағрии асп нишаст ва сар шуд нахустин сабқати бародарона, ки ним сол бештар тӯл кашид. Вале, як рӯзи наҳси тирамоҳ, ҳангоми ҷаҳидан аз болои хандақ пойи аспи Мирмалик шикасту табъи соҳибаш хира гашт.

Ҳоли Мирмаликро дида, Бобои Одина лаб ба тасалло кушод:

– Зиқ нашав, ҷони бобо. Бароят аспи нав месозем.

– Чӣ хел «месозем?» – шигифтомез пурсид Мирмалик.

– Ай аспи ману амакат. Зиқ нашав, ҳилаша меёвем.

Мирмалик гапи падари Сабзалиро дилбардорӣ ҳисобид. Вале андактар маълум шуд, ки ин марди пухтакор барои «сохтани асп» ҷиддан азм дорад. Ҳисси кунҷковияш боло гирифту пурсида-пурсида фаҳмид, ки замонҳои қадим дар Давон ва Хатлон беҳтарин аспҳои олам вуҷуд доштаанду аспсаворон аз пайванди хинги хатлӣ ва аблақи давон арғумак ба вуҷуд овардаанд. Суғдиён онро мусур мегуфтаанду баъдтар ин аспи бодпар ба саманди тозӣ бадал шудааст, ки хушхирому чусту чолоку беҳад қашанг будааст. Аз ҳама аҷибаш барои Мирмалик он буд, ки Хатлон зодгоҳи Бобои Одина буду Давон зистгоҳи имрӯзаи вай…

– Ҳавои даҳан намекунам, лекин аспи ман ай зоти кумайт беҳтарин хинги Хатлонай! – ба сари мақсад наздик омад Бобои Одина. –Агар ай байтали тозӣ барояш арӯс ёбем, арғумаки зур пайдо мешавад.

– Арғумаки Хуҷанд! – хитоб кард Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки фикри «аспсозӣ» ӯро писанд омадааст…

Сайисҳо ва дастёрон чанд муддат заҳмат кашида, аспи сурхранги Одина бо байтали хокистарӣ тавҷид намуданд, ки даври ҳамлаш аз ёздаҳ моҳ андаке бештар тӯл кашид. Чун фурсат даррасид, тойчае ба дунё омад бо вазни чаҳор пуд бештар ва бемислу монанд – сари хурди аломушкин, гардани дарозу латиф, думи сиёҳсафед ва пойҳои устувору бақувват дошту шабрангу рӯйинасум буд, яъне сумаш мисли пӯлод сахту сиёҳ…

Баъди якуним соли балоғат ба зебосаманди ёлдарозу мушкдуму оташнаъл ва хушрафторе табдил ёфт, ки аз ҳар қадамаш замин миннатдору Мирмалик сарфароз ва хушҳол мешуд. Вай бе ҳеҷ дудилагӣ арғумаки Хуҷандро Рахшон номиду онро на ба тозиёнаю маҳмез ва таҳдиду аспангез, балки бо меҳри дилу сеҳри сухан ва навозиши дасту нигоҳи гарм ба худ ром кард. Рахши навин ҳам тундию ҷаҳидану газидан фурӯ гузошта, ба хубию хушию таковарӣ Мирмаликро соҳиб ҳисобид ва беҳтар аз аспи тозию хинги хатлӣ дар майдон ба хиром омад.

Чаҳоршанбеи гузашта амаки Мирфозил ҷавонҳоро дар саисхона лаҳзае нигоҳ дошт:

– Самандҳои худро тайёр кунед. Фурсате фаро расида, ки дави Рахшону Хинги магасӣ ва маҳорати шумо дар арса ба қиёс бисанҷем. Мусобиқаи асптозӣ ва камонварзӣ дар Исфара ҷавлонгоҳи шумо хоҳад шуд…

Муколамаи шоир ва бародархондҳо ба интиҳо омаду роҳи морпечи оҳугузар ҳам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сияҳкӯл намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё меҳисобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари кӯл нисбати Сайҳун чор-панҷ карат паҳновар аст, аммо ҳарчанд кӯшид, охири толобро дида натавонист.

– Мегӯянд, ки аввали кӯл дар Воруху охираш дар Кошғар, – шарҳ дод Абдулмаҷид. – Агар киштӣ бошаду беист ҳаракат кунад, ин масофаро дар як шабу рӯз тай мекунад.

– Расо воҳима кардӣ, ака! – ханда бар лаб эрод гирифт Сабзалӣ. –Иқа оби бисёр ай куҷо меёя??

– Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сияҳкӯл яхдони бузургест, ки ҳар яхпорааш як кӯҳи азимро мемонад!

– Нахо-од?!

– Абдулмаҷид дуруст мегӯяд, – ба мубоҳиса пайваст Шайх Бурҳониддин. – Аз ин яхчол чор дарёи кӯҳӣ ба чор самти дунё меравад. Яке рӯди Ворух, ки то Сайҳун мерасад. Рӯди дуюмӣ аз Раштонзамин сӯйи Ҷайҳун ҷорӣ мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту чаҳорумаш аз кӯҳистони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар гӯем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузаргоҳ вуҷуд дорад…

– Илтимос, тағоҷон, як нафас таваққуф кунед, – нохост ба тавалло даромад Мирмалик. – Дар китоби тарассул хонда будам, ки «роҳи махфии маълумотрасонӣ байни афшину ихшидҳои суғдӣ аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайёҳону ҷуғрофидонҳо ҷумлаи «деҳаи Ворух канораи Мовароуннаҳр» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ҳақиқат то андозае аён гардид.

– Барои он ки шубҳаат пурра бартараф шавад, як рӯйдоди таърихиро нақл мекунам, – шоирона гап сар кард Абдулмаҷид. – Бобоҳои мо ривоят мекунанд, ки як ҷосуси подшоҳи Суғд Деваштич маълумоти пурқимат дошт, лекин азбаски Самарқанду Истаравшанро лашкаркаши араб Қутайба ишғол карда буд, илоҷи аз он сӯ ба Зарафшон гузаштан наёфта, чапғалат ба Ворух омад. Бо роҳбаладии чӯпоне то яхдон расид. Вале аз сардии ҳаво тоқаташ тоқ гашту маълумотномаи махфиро ҳамроҳи як халтача зар ба дасти чӯпон дод. Яъне, вайро киро карду дар варақе шарҳнома навишт: «Хоҷа, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях қарор дораму яккаву танҳоям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ҷуръат намекунам. Чунки аз хунукӣ сахт метарсам».

– Чӯпон чико кард? – бетоқатона пурсид Сабзалӣ.

– Роҳро, ки хуб медонист, рӯ-рӯи пирях аз ағбаи Масчо гузашту то Панҷакат – қароргоҳи Деваштич расид ва боз як халтаи зар ҳадя гирифта, сиҳату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд…

– Офарини у чупон, ки бузбала будай! – ҳамранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзалӣ. – Фаҳмидум, ки ай Ворух ба ватани ман роҳ будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ҳеҷ нафаҳмидум, ки чӣ ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бадиққат ови кӯла бинед – каб-кабудай, кӯҳҳои атроф, талу теппаҳо сабзи банурай, қуллаҳои барфпӯш сап-сафедай, дар ягон ҷо сиёҳӣ нестай, леки… барои чӣ Сияҳкӯл номуш кардиян?!

– Ман ҳам ҳайрон! – китф дарҳам кашид Мирмалик. – Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу марғзори хуррам ва кабудизори махмалӣ дил ба фараҳ меояд, лекин номи кӯл алаким-чихел таассуроти рангина сиёҳ месозад.

– Айнан ҳамин гапҳоро ман ҳам гуфтанӣ будам, – ҷавонҳои ҳамфикрро ҳамфикр шуд Абдулмаҷид. – Мо, шоирон, ранги хатнависиро оби сиёҳ мегӯему табибҳо оби дидаро оби сиёҳи чашм пиндошта, «оби сиёҳ аз дида равад, чашм сафед шавад» мегӯянд. Дар ин мавзӯъ бароятон як байти аҷиб мехонам:

Оби сияҳ аз замин баромад,

Марг аз дари оҳанин даромад.

Абдулсайид, ки дар гирди дегу оташдон ҷунбуҷӯл дошт, чангу арақи пешонӣ ба остин пок карда, саволомез ба Шайх Бурҳониддин нигарист ва хомӯшии ӯро иҷозати сухангӯйӣ дониста, мулоим лаб ба гуфтор кушод:

21
{"b":"811588","o":1}