Литмир - Электронная Библиотека
A
A

– Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?

Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:

– Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.

Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас намуд.

– Ҳазор раҳмат, акоҷон! – нимовоз гуфт духтараки пардапӯш. –Ин дафъа биёед, дугонаҳоямро ҳамроҳ биёред.

Мирмалик кӯтоҳакак «хуб» гуфту бо чеҳраи арақшор қафо баргашт ва чашм аз нигоҳи тағо гурезонда, ба Абдулмаҷид нигарист:

– Аспсавор меравем ё пиёда?

– Пиёда серӯза роҳ, – ҷавобро мухтасар кард Шайх Бурҳониддин. –Аспҳоро бароред!

Баъде ки деҳистон дар қафо монду кӯҳистон сар шуд, Абдулмаҷид қуфли хомӯширо шикаст.

– Вақте бори аввал шуморо дидам, дудодарон гумон карда будам. Лекин аз лафзи Сабзалӣ фаҳмидам, ки хуҷандӣ нею бегона аст…

– Чизе гуфтосед? Сабзалӣ ҳаргиз бегона нест! – хитоб кард Мирмалик. – Вай додархонди ман!

– Рост мегӯяд Мирмалик. Ӯ ҳам мара ай додари ҷонӣ беҳтарай!

– Хуб кардед, ки бо ҳам бародар шудед.

Бечора касе, ки бе бародар бошад,

Дар рӯйи замин чу мурғи бепар бошад.

Мо, ворухиҳо, дӯсти ҷонӣ, ҳамсояю рафиқи наздики худро «додар» мегӯем. Лекин… ҳар дуи шумо, ки қаблан ҳамсоя набудед, чӣ хел ҳамдигарро ёфтед ва бародар шудед?

Аз оҳанги пурсиши Абдулмаҷид додархондҳо фаҳмиданд, ки вай то ҷавоби шофӣ нашунавад, ором намегирад. Бо меҳр ба чеҳри якдигар нигариста, ба посух пардохтанд. Бо навбат сухан ронда ва гуфтори ҳамдигарро пурра гардонда, ҳам роҳрову ҳам рӯзро кӯтоҳ карданд. Шоири кунҷков ҷавоби бародаронро бо рағбати том шунида, достони ибратомӯзро барои ба риштаи назм кашидан фасл ба фасл матраҳ намуд.

…Мирмалик то понздаҳсолагӣ бештари вақти худро дар Кулангир мегузаронд, ки яке аз мавзеъҳои ободу хуррами беруни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, ҷойи тобистоннишин ва боғу роғи меросии оли Мирабдулло буд. Ҳанӯз дар аҳди Исмоили Сомонӣ ба ивази хизмати содиқона як қитъа замини обӣ ба домоди дӯстдоштаи амир ҳамчун иқтоъ инъом гардида, баъди узви сулола ва амалдор шудан фарохӯри мақому мартабааш ҳудуди мулки ӯ даҳ карат афзуд ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ – маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.

Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.

Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:

– Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.

– Худашон оварданд?

– Ҳа.

– Канӣ дадоҷонам?!

– Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!

Он бегоҳ ҳама шоду хурсанд буданду нишоти падару писар интиҳо надошт. Тамоми шаб Мирмалик аз падар канда нашуд. Фақат ӯро менигаристу фақат ӯро мешунид…

Ин ҳол то ба имрӯз идома меёбад. Чашме, ки чор сол ташнаи дидори падар буд, аз тамошои ӯ асло серӣ надорад. Гӯше, ки чор сол муштоқи сухани падар буд, сӯҳбати ҷонфизои ӯро шунидану шунидан ва боз шунидан мехоҳад. Ва баъди падар амаки меҳрубонаш Мирфозилро хеле дӯст медорад, ки нигаҳбон ва меросдори мулки авлодӣ дар Кулангир асту деҳқони доно ва деҳхудои тавоност. Маҳз бо заковати ӯ Мирмалик як хатои давраи бачагиашро ислоҳ карду маънои аслии «Кулангир»-ро фаҳмид… Вақти хондан дар дабистон мактабдор решаи «Кулангир»-ро мурғи куланг, яъне турна бароварда, барои исботи фикри худ чистоне мисол оварда буд:

Шутури куланги бедум,

На ҷав хурад, на гандум.

Об хурад зи дарё,

Кор кунад ба мардум.

Кӯдакон, албатта ба сухани мулло бовар карданд ва шӯхиомез ба Мирмалик «шутури куланги бедум» лақаб гузошанд. Зеро нисбати дигарон тануманду газгӯшт буду як пояш дар Кулангир қарор дошт. Лақаби масхаромезро шунидан ҳамон Мирфозил мисли ҳезуми хушк даргирифт ва бо итоб ба муллои чаласавод хитоб кард:

– Кулангир ба ҳеҷ ваҷҳ турнахона нест! Ин паррандаи офтобпараст ҳини бозгашт аз сармо ба гармо гоҳе ба деҳаи мо мешинаду гоҳе не. Марду занҳои мо кулангдил, яъне тарсончаку буздил наянд ва ҳама ҷавонҳои кулангирӣ шоистаи корзор, гурдапур ва шердиланд. Шутури куланги бедум шумоед, ки як чиз будани «куланд» ва «кулан»-ро намедонед. Аз ин пас ба кӯдакон дуруст фаҳмонед, ки «Кулангир» марди куландгир, яъне деҳқони асил аст.

Бо ҳамин лақаби масхаромез ба мулло часпиду шаш сол муқаддам ба шарофати Мирфозил – каландгари асил Мирмалик ва Сабзалӣ ба ҳамдигар пайвастанд. На тасодуфан, балки бо хости Худованд: галаи аспу гӯсфандони оли Мирабдулло тобистону тирамоҳ дар чарогоҳҳои фарохдомани Хатлонзамин мечариду ҳар замон Мирфозил ҳамроҳи дастёрон хабаргирӣ мерафт. Он сол низ барои чӯпонҳо нону намаку равғану биринҷ бардошта, додарзодаашро низ ҳамроҳ гирифт, то одаму олам бештар дида, тезтар пухта ва суфта шавад.

Мирмалики саргарми тамошо дид, ки аз ҷониби муқобил аввал чангу ғуборе, сипас аспсаворе намудор шуд. Зуд ба амакаш хабар дод.

– Шояд ки чопари хингсавор бошад, – мад кашид Мирфозил. –Аммо ту хавотир нашав, вай душман не.

Маълум шуд, ки асптоз писараки тахмин сенздаҳ-чордаҳсола буда, бо ашки шашқатор барои имдодпурсӣ омадааст.

– Э туғойӣ, ёрӣ бтен, ки отам мемира!

Мирмалик гапро дуруст нафаҳмид. Вале Мирфозили ҷаҳондида лаҷоми аспи писаракро дошта, ҳар дуро ором карда, бо лаҳҷаи ба ӯ фаҳмо гуфт:

– Соз бифаҳмон, чӣ хел касалай?

– Хирс ҷиқидша! Сару китфуш пури хунай…

Мирфозил, ки аз сирри табобат огаҳӣ дошт, вазъиятро мухтасар ба ҳамроҳонаш фаҳмонду халтаи доруворро гирифта, дарҳол ба асп нишаст ва ба кӯмак шитофт…

Рӯзи дигар маълум шуд, ки Одинаи балҷувонӣ аз боҷу хироҷ ва зулми беҳад ба дод омада, баъди аз мулку манзил маҳрум шудан гумоштаи қарохониро мурданивор зада, гурезаи иҷборӣ шуда, бо чанд сар бузу гӯсфанди лоғар ва зану ду фарзанд дашт ба дашту кӯҳ ба кӯҳ то ин маҳал расидааст.

– Дар ҷойи мо матале ҳаст, ки «камбағалро аз болои шутур саг мегазад», – гуфт Мирфозил баъди ором ёфтани бемор. – Маълум мешавад, ки дар ин диёр одами бечораро хирс мекандааст.

Одина заҳрханде карду беҳолона гуфт:

– Дуруст мегӯйӣ, ака. Камбағал дар ҳама ҷо ҷазирай.

Лаънат ба касе, ки ай Ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад!

– Худро ба даст гиред, бародар. Шумо аз Ватани худ канда нашудед ва ғайри Худо ба ҳеҷ кас банда нестед.

– Ватани бобойии мо ай ин макон хеле дурай, ака. Мо қавми кумайҷем, хокҷойи мо саргаҳи Кофарниҳонай, ака. Ин ҷода ғариб будем, ғарибтар шудем. Сияҳбургут одами хеле бадай! Нобуд мекнадмон…

– Ягон ҷойи дигар, аз хатар дуртар равед.

– Ғайри қабристон дигар ҷойи мерафтагӣ намонд, ака… Хубаш, акаи ҷун, мора ҳамраҳи худ ба Хуҷанд барен. Ай буни дандон хидмат мекнам, ака!

Мирфозил дид, ки Мирмалик аллакай бо писараки асптоз ошно шуда, ҳар ду илтиҷоомез сӯяш нигоҳ доранд, суханро кашол надод:

20
{"b":"811588","o":1}