– Ин толобро барои он Сияҳкӯл гуфтаанд, ки дар қаъраш аспи сиёҳ дорад. Ин аспи обӣ на тимсоҳ асту на аждаҳо, на моҳӣ асту на наҳанг. Паришамоил асту обпайкар ва безарар, чун бод дар рӯйи об мепараду мисли моҳӣ зери об шино мекунад. Мегӯянд, ки ҳар касе ин аспи обиро бинад, аспафкан мешавад, яъне баҳодури диловар! Ва агар бахташ омад кунаду ин аспи обиро савор шавад, шерафкан хоҳад шудан, яъне ҷанговари диловар ва қаҳрамон…
Абдулсайид ҳезуми нимсӯхтаро дарунтари оташдон хаста, бо чашми озмоиш ба сомеъон нигарист. Сабзалӣ худ аз худ фурӯзон шуд:
– Шакар ба даҳанат, амака! Ина ҳозир фаҳмидум, ки Сияҳкӯл ови мурда нестай, так-таки замин ба чор тараф равонай. Дар ватани мо як дарё ҳастай номаш Хингоб.
Шояд ин ҳаму дарёи Шайхбово гуфтагӣ бошад, ки рафта-рафта аз деҳаи Лабиҷар ба Ҷайҳун мерезад. Бибикалонам мегуфт, ки хинг аспи сиёҳай, маънои Хингоб аспи обияй…
Абдулсайид аз чунин мувофиқат рӯҳбаланд шуда, бо илҳоми дучанд сӯҳбатро тасфонд:
– Навакак кадоме гуфтед, ки аввали ин толоб дар Ворух асту охираш дар Қошғар. Акоям Аҳмадсайид, ки борҳо ба Чин сафар кардаанд, айнан ҳамин хел мегӯянд. Аз гапи акоям донистам, ки дар Қошғар тоҷик бисёру Сиякӯлро Оби ишрат мегӯянд. Зеро борҳо мушоҳида кардаанд, ки ҳар шаб занҳои зебо аз об баромада, дар соҳил бозию шодӣ карда, пеш аз дамидани субҳ баробари ситораҳои осмон аз чашм ғойиб мешудаанд. Ин париёни сияҳчашму сияҳмӯй он қадар нозанину маҳҷабин будаанд, ки аз чеҳраи зебояшон шаби тори кӯҳистон мисли рӯз равшан мешудааст…
– Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханварӣ низ мисли дуредгарӣ устои моҳир будани худро исбот кардед! – лаб ба таҳсин кушод Шайх Бурҳониддин. – Пири тариқати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар Қошғар хешу табор доранду борҳо он ҷо рафтаанд, қабл аз сафари Ворух гуфтаҳои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сияҳкӯлро васф карда, хушбод будани ҳавояшро таъкид намуда, маслиҳат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар соҳили ин толоб фориғ аз кори дунё истироҳат кунам, ки беҳтарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта маслиҳат доданд, ки аз оббозию шиноварӣ дар оби ях барин сарди Сияҳкӯл худдорӣ намоям. Гапро ба шӯхӣ бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи обӣ язнаи маро аллонда, ба ҳалқаи париёни Қошғар мебараду хоҳарам дар Ворух яккаю танҳо мемонад».
Лутфи латифро ҳамагон ба хушҳолӣ пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат таҳтӯли чоштгоҳӣ намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмоҳӣ шаванд. Вале ҳанӯз луқмае дуруст нахойида, ҷавоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бурҳониддин партофт ва ҳой-ҳой бигиристу нолон гуфт:
– Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро илоҷ кунед! – ин бигуфту дасту пойи худ ба ҳозирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ҳар кадом ба андозаи нахӯди сиёҳ. – Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби маҳалла дору молиду … баъди ҳафтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ҳатто мазори озахи Хуҷандро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид… Занам аз хона баромада рафту ҳамсояҳо худро аз ман дур кашиданд. Лоҷарам, худро ба кӯҳи беодам задам, то…
– Кифоя! – аз садои ногаҳонӣ ва омиронаи Шайх Бурҳониддини Қилич ҳама қад парида, даст ба гиребони ҳайрат бурданд, ки ин касалманд аз куҷо пайдо шуду чаро Пири хушмуомила ногаҳон шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо нигоҳи мӯшикофу муҷарраб ба озахҳои пушти дасти ҷавонмард нигаристу шиддати сухан саҳле паст гардонд. – Агар як ҳарфи дигар ба забон орӣ ва қасди худкушӣ кунӣ, осӣ мешавӣ! Чӣ ном дорӣ?
– Зариф.
– Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!
– Ҳар чӣ фармоед, эй бузургвор, бе чуну чаро қабул мекунам.
– Худованд мададгори ту бошад, эй Зариф, ки ҳозир сухан аз сидқи дил гуфтӣ. Акнун бархезу ба Ворух баргард. Аз бозор чил мисқол ҷигари гов ва ним ман шалғами сафед, як тикка карпоси наву ним газ ресмони тоза бихар. Ба тани поку либоси намозӣ дар кулбаи тозаву озода маро интизор бош. Иншооллоҳ, баъди се рӯз ба хидматат мерасам.
Аз ваҷоҳати Зариф маълум буд, ки муомилаи хуш ва фармоишоти мушаххасро шунида, пурдил гаштааст. Вале аз чашмони гиряолудаву забони парсингбастааш каломи дигар баромад:
– Бо Қуръони шариф қасам хӯрдаам, ки агар сиҳат нашавам, ба Ворух барнамегардам. Ду рӯз боз луқмае ба даҳон набурдааму назди мазори Чилмурғон шумою Неъматро дида, қиссаи сиҳатшавиашро ба ёд оварда, чун соя аз қафоятон омадам. Шайхбобо, илтимос, илоҷе ёфта, ин маризи исқоту ифлоса аз баданам дур кунед…
Кӯдаквор гиристани ҷавонмарди тануманд дили ҳамаро обу адо гардонд. Шайх Бурҳониддин хаёломез муддате ба қуллаҳои барф-пӯш нигариста, ба хулосаи қатъӣ омад магар, ки аз Абдулсайид пурсид:
– Дар кӯлбори сафарӣ ҷигар ҳаст?
– Ҳаст. Лекин шалғаму ресмону карпос нест…
– Манда ресмон ҳастай! – чобук аз ҷой хест Сабзалӣ. – Дар зини асп кашолай. Ҳозир меёрам.
– Бобоҷон! – беҷуръатона аз домони Шайх Бурҳониддин кашид Неъмати дувоздаҳсола. – Модарам барои эҳтиёт ба ман як куртаи карпос додагӣ. Наппа-нав, дина дӯхтагӣ, ҳанӯз пӯшидагӣ не…
– Агар шалғам ёбем…
– Андаке поёнтар, дар паҳлуи нахудзор ду-се хат шалғам ҳаст…
– Худои меҳрубон мададгори туст, эй Зариф! – даст ба ҳам совид Шайх Бурҳониддин. – Раву даҳ-дувоздаҳ дона шалғам канда бо оби чашма пок шуста биё.
Баъди омадани Зариф бо дастури Шайхбобо Устои гулдаст лахти ҷигарро ба андозаи санҷид чилпора карду Мирмалик шалғамро пӯст канд, Сабзалӣ ресмон оварду Абдулмаҷид куртаи навро ба карпоспора табдил дод. Неъмат оби ширгарм ҳозир намуду дастобрези бобояш шуд, ки ӯ Зарифро дузону шинонда, бе ҳеҷ муқаддима фармуд:
– Аз Каломуллоҳ ҳар чӣ медонӣ, бихон!
Тиловати беҷуръатона зуд анҷом ёфт. Шайх бо таассуф сар ҷунбонда, «кам асту ноқис» гуфт ва афзуд:
– Ҳар як ояту сураҳои Қуръони шариф дардеро дармон мешавад, агар мариз ихлоси том дошта бошаду тану дилу дасту забони пок. Ба қавли Пайғамбари олам ълайҳиссалом «Инналлоҳи назифун юҳибал низофата». Яъне, Худованд пок асту поконро дӯст медорад. Фаҳмо, эй Зариф?! Хоҳӣ, ки шифои комил ёбӣ ва рӯзгорат ноқис набошад, Каломи Аллоҳ ноқис махон!
– Фаҳмидам, эй Бузургвор, – дарҳол ҷавоб гардонд Зариф ва илова кард, ки ин суханро қаблан аз ягон муллои табиб ва табиби дуохон нашунидааст. – Як муллои исфарангӣ маблағро пешакӣ гирифта, нимғурма дуо хонду ҳафт бор «Ё ҳу ё манҳу ё ман ло илоҳа иллоҳу» гӯён намаки дамандохтаашро ба озахҳо пошид. «Албатта шифо меёбӣ» гуфт. Озах муддате гум шуд, вале баъди як моҳ аз нав сабзид. Табиби самарқандӣ дар бораи ихлосу халос хеле гапи китобӣ гуфту бисту як бор сураи «Ғошияҳ» хонду ба рӯйи озахҳо шуф кард. Вале ман аз ин захми мункар бо дидаи тар мондам. Дар хонақоҳи мазори озахи Хуҷанд муллотабиб «Ганда-гунда, канда-кунда, аз дилу ҷигару зоную иштолинг ва мағзу устухони ин банда бишав парканда – пароканда!» гӯён, бо касрат «Ё Аллоҳ!» вирд намуда, салавоту дуои шифо хонд. Ҳайҳот, иллат бо ягон ҳиллат шифо наёфт…
Шайх Бурҳониддин дар ҷавоб ҳеҷ нагуфт, зикри хуфя ба анҷом расонда, беморро нимбараҳна гардонд ва бо дидаи нозукбин ҳар кадом озахро мушаххас муойина кард. Сипас бо тиловати сураи «Фотеҳа» ҳама озахҳо бо карпоспорае пок намуда, аввал як бурда пӯсти шалғамро ба озахи канорӣ молиду онро ба Неъмат дод, то дар болои карпоспораи дигар ҷамъ орад. Тиловатро аз нав шурӯъ карда, лахте ҷигарро рӯйи ҳамин озах совиду онро низ ба Неъмат супорид, то дар карпоспораи сеюм гузорад. Дар фуроварди қироат ба ресмон як гиреҳ андохту онро сари китфи Сабзалӣ овехт.
Лаҳзае нафас рост карда, тиловати «Алҳамд» аз нав оғоз намуд ва тарзи аввала пӯсти шалғаму лахти ҷигар рӯйи озахи дигар совид ва дуюмин гиреҳ дар ресмон андохт…
Баъде ки охирин озах сила гардид, миқдори гиреҳи ресмон ба сию ду расид.