Литмир - Электронная Библиотека
A
A

– Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро «унҷӣ», замини кӯҳдоманро «ноҷӣ» мегуфтанд, ки номи деҳаест дар он тарафи ағба…

– Падари худораҳматиям боре гуфтанд, ки «барои ғалладаравӣ Унҷӣ меравам». «Унҷа меравед?» – пурсиданд модарам бо лаҳни хеш. «Ҳа, – гуфтанд бо табассум падар. – «Ун ҷа» гуфтани тую «Унҷӣ» гуфтани ман як замин аст, ки Сайҳун аз канори он мисли оринҷи қатшуда ҷорӣ мешавад.

Сухани лутфомези Бибинурӣ бо лабханд шунида шуд. Вале саволи Бибисолеҳа ҳамаро ба ханда овард:

– Пагоҳ унҷа мерем ё унҷӣ?

– Ҳамакаса ба ҷуфтбаророн меравем, – андаке асабонӣ шуд Аҳмадсайид. – Мебинем, ки он ба говхунуккунони Ворух монанд аст ё не?

– Ҳам дар Воруху ҳам дар Унҷӣ ва ҳам дар Хуҷанду ҷумла олам Наврӯзи деҳқон якгуна асту бо роҳи дида меояд. Ҳар касе пеш аз дамидани сапеда дида бикушояд, пеш аз дигарон ба дидори Наврӯз мерасад, хушбахту хушрӯз мешавад, – гуфт бо оҳанги шаббахайр Шайх Бурҳониддин. – Дар субҳи ҷуфтбаророн ҷавонон мекӯшанд, рӯйи банури пиронро бинанду фотиҳаи нек гиранд, мо бошем, баҳри он мекӯшем, то рухи тифлонро бингарем ва дуо кунем, ки ҳамроҳи тифли накуноми табиат сарсабзу гулбасар шаванд…

* * *

Дар Унҷӣ аввалин шахсе, ки ба назари Нигина намуд, Деҳқонбобои озодалибос Бадриддин – бародари Шайх Маслиҳатдин буд, ки меҳмононро бо чеҳраи нурафшон истиқбол мегирифт. Бибинурӣ ба ҳамроҳонаш фаҳмонд, ки ҳукамо вайро иқтоъдор мегӯянду уламо молики замин меҳисобанд, аммо барзгарон ва боғкорон бо меҳр деҳқони одил меноманд. Зеро Бадриддин ҳар кадоме ин раъиятро ном ба ном медонаду аз рағбату ҳунар ва ҳусну қубҳи аксарият комилан огоҳӣ дорад, аз фасод пок асту ҳатман ва ҳаққан мардуми хокпошро ҳимоят мекунад, ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе аз онҳо намеситонад, ягон маҷбурияти берун аз одат намениҳад.

– Фаҳмидам, ки аз Бадриддин ҳам холиқ розию ҳам халқ! – таҳсиномез нидо кард Аҳмадсайид ва дар паҳлӯи деҳқонон истоду ҳамроҳонаш ба ҳалқаи занону духтарон пайвастанд. Амакдухтарон муддате рӯйи сабзагилеми навруста нишаста, лаклакпаронию гӯштингирӣ, буҷулбозию хурӯсҷанги кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:

– О-омада-а-андд!

Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.

Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.

Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:

– Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.

Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!

Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон – рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!

Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.

Ин карат Шайх Бурҳониддин даст ба дуо бардошт:

– Илоҳо, омин:

Арвоҳи Бобои Деҳқон мадад кунад, аввалу охири сол нек шавад, ҳосил фаровон рӯяд, файзу барака зиёд гардад.

Кушоиши кор,

Муборакии наврӯзи баҳор,

Як донаи шумо – ҳазор,

Ҳазори шумо – бешумор

Аллоҳу акбар!

Таҳамтандеҳқон як тоба ҷуфт карда, говҳоро дам доду аз халтаи пурбор табақе ғаллаи тухмиро бардошта, чанд мушт ба замини навшудгор афканд ва боқимондаашро болои барзаговҳо пошид. Хонумҳо ӯро пайравӣ карда, пасопеш болои говон чормағзу ғулунг мепошиданду кӯдакон ва ҳам калонсолон талош мекарданд.

Ғалмағалро садои форами ҷуфтнай паст нишонд ва очаи Бибинурӣ сабзи суманак аз ниҳонпарда берун овард, ки онро то ҳол ба чашми ғайр нишон надода, дар зарфи махсусе аз гандуми баҳорӣ сабзонда буд. Саодат табақи мудавварро боэҳтиёт аз дасти муаддиба гирифта, бо ҷилваи хиромон ва мувофиқ ба савти найанбон онро ба Бобои Деҳқон супурд. Вай бо зикри номи Аллоҳ зарфи муқаддас баробари китф бардошту ҳар ду чашмро бонавбат ба гандуми навраста расонда, нек ба он назар афканд, то сабзаи нозанин сардию зардӣ дур гардонад.

– Соле, ки накӯст, аз сабзабаҳораш пайдост ва нашъунамои сабзи суманак табъи дили мост! Ин фоли нек аст ва моро аз рӯзу рӯзии сабзу хуррам башорат медиҳад, пиронро сарсабз медораду ба ҷавонон бахти сабз мерасонад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!!

Табрики Бобои Деҳқон ишорае ба оғози шодмонӣ шуду аз ҳама пештар ва бештар гулдухтарон ба ҳаракат даромаданд. Яке лабчанг менавохту дигаре доира мезад, сеюмӣ суруд мехонду чорумӣ мерақсид. Гулсимою Саодат зеби маърака буданд ва Нигинаро ба паҳлӯи худ кашида, базмро тасфонданд. Рақси се гул ҳамаро ба ваҷд оварду ҳини ҷамъбаст Бобои Деҳқон лаб ба офарин кушода, аввал ба ин духтаракон, пасон ба дигар кӯдакони ҳунарманд – ғолибони ҳарби кабку бедона ва хурӯсҷанг, мусобиқаҳои сагони бонию шикорӣ, лаклакпарронӣ ва гӯштингирӣ муносиби ҳолашон ва солашон ҳадяҳои хелмахели наврӯзӣ бахшид.

Ба Нигина як куртаворӣ адрас расид. Вай нахустин ҳадяи тақдирро маҳкам ба сандуқи синааш пахш карда, ҷилвазанон ҷониби амакбобояш тохт ва худро бо шавқу сурур ба оғӯши гарми бозаргони меҳрубон андохт…

Ба адраси армуғонӣ бо ҳавас нигаристани духтаронашро дида, Аҳмадсайид аз бозор ду либосвории дигар хариду дарҳол куртаҳои якхела дӯзонд. Се хоҳари адраспӯш дастобадаст ба ҷашни Чилбеди Хистеварз рафтанду болои сабзазори махмалӣ арғушт рафта, чун дигарон «зардии ман моли ту, сабзии ту моли ман» гуфтанду се рӯзи дигар шоду ғазалхон дар маъракаҳое, ки бӯйи занона дошт, давр зада, арӯсбинон карданду салом-салом намуданд, ҳино бастанду ӯсма кашиданд ва ба маънои томи сухан гул-гул шукуфтанд.

Шабҳангом низ фурсати дамгирӣ надоштанд. Ҳамроҳи ҷавонзанону духтарони маҳалла гирди гулхани наврӯзӣ давра гирифта, сурудҳои муборакбодӣ мехонданду мерақсиданд. Се маротиба аз болои лахча парида, «зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ!» гӯён, гуноҳ сӯзонданду оташдил шуданд…

Чунин хушҳолию оташафрӯзӣ ва сурудхонию худафрӯзӣ дар суманакпазӣ идомаи тоза ёфт. Аввали он шаб Нигина кокулчаҳои мушкборашро чапу рост афшонда, нармак-нармак ба ҷилва омаду андактар, ҳар боре нақароти «Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем» баланд мешуд, духтарак ба ҷӯш омада, кафча мезаду давр мегашту мечархиду ончунон бомаҳорат мерақсид, ки ҳамагон ангушти ҳайрат ба лаб бурданд.

Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки бо даъвати хоҳараш Бибинурӣ барои ком ширин кардан аз нӯшдоруи равонбахши наврӯзӣ сари қадам ба сари деги суманак омада буд, Нигинаро назди худ ҷеғ заду аввал офарин хонд. Сипас сухан ба табассуми малеҳ идома бахшид:

– Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!

17
{"b":"811588","o":1}