– Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид – худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ…
Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем…
– Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? – аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:
– Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.
– Чӣ ном дорад китобаш?
– «Чоргоҳи Маҳастӣ».
– Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».
– Наход?! Оъ… ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?
– Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.
– Кӣ??
– Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, – риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. –Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!
– Мирмалик акои ту?! – якбора ба шавқ омад Нигина.
– Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.
– Дар куҷост ҳозир акоят?
– Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?
– Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ…
– Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! – риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. –Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум…
– Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?
– Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!
– Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…
– Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста – оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.
– Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!
– Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад… бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд…
Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?
– Падарам метавонанд, – ҷавоб гардонд Саодат. – Он кас шогирди бисёр доранд.
– Писари ман яке аз онҳост, – гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама. – Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!
Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.
– Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад насиб, меоем ба меҳмунӣ…
Идгоҳ аллакай серодам менамуд. Ҳалвогарону нишаллочиҳо, пазандаю нонвойҳо ва фурӯшандаҳои меваҷоти тару хушк тиҷоратро оғоз бахшида, кулолу мисгару косатарошу заргарон ва дигар пешаварон дӯкону раста месохтанд ё хайма мекашиданду устоҳои дуредгар дар мобайн Дарахти оламро устувор мекарданд, ки аз ибтидо рамзи асосии Наврӯзи Хуҷанд, маркази дилхушию тамошо буд.
– Акоям мегӯяд, ки ба Искандари Мақдунӣ иди Наврӯз ҷудо ҳам маъқул шудааст, – худ аз худ ба гап даромад Гулсимо. – Ба канори Яксарт расидан ҳамон фармудааст, ки ана дар ҳамин соҳили хушманзара идгоҳи калон созанд барои таҷлили Наврӯз, то мардум хушҳол бошанду идгоҳи искандарӣ мисли ин ҷашни ҷовидона то будани одаму олам ба ёдгор монад.
– Аз ҳамун вақт сар шудагӣ ҷашни Наврӯзи Хуҷанд? – пурсид Нигина ва гардан ёзонда, ба тори Дарахти олам нигарист, ки шабеҳи санавбарҳои бузурги кӯҳистони Ворух буд.
– Наврӯзи Хуҷанд мисли дарёи Сайҳун аз дуриҳои дур сарчашма мегирад, – ҷавоб гардонд Саодати ба сол аз ҳар ду калонтар. –Модаркалонам мегуфтанд, ки номи якумин рӯзи олам Наврӯз аст. Ин маъниро аз китоби тафҳими Абурайҳони Берунӣ ёфтам, ки «аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» навиштааст. Дар китоби «Осор-ул-боқия» оғози гардиши фалак, яъне ибтидои офариниши оламро аз рӯзи ба тахт нишастани аввалин подшоҳи рӯйи замин Каюмарс ҳисобида, ба ин муносибат барпо гардидани ҷашне ба номи Наврӯз зикр шудааст.
– Ин қисса дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдрас шудагӣ – илова намуд Гулсимо. – Дар китобҳои қадима таъкид мешавад, ки Каюмарс аввалин одам дар олам буда, корбасти обу гиёҳу маъданро ба дигарон ёд додааст.
– Фаҳмидам, ки Наврӯз будааст аввалин рӯзи олам ва Каюмарс аввалин подшоҳи олам ва Яксарт будааст номи пешинаи Сайҳун. Чӣ дахл дорад ин ҳама ба Наврӯзи Хуҷанд?
– Дар китоби муғон номи шаҳри мо ба шакли «Хва-канта» будааст ба маънои «шаҳри офтоб». Дар «Насиҳат-ул-мулук»-и аллома Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «подшоҳии Каюмарс сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!
– Наход? Намеояд боварам…
– Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!
– Куҷост қабри ӯ?
– Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?
– Албатта!
Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид – «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:
– Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.
– Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор…
– Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.
Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:
Ҳаво, ҳаводор – е,
Барги сафедор – е,
Уштуро қатор – е,
Сандуқо пурбор – е.
Биё, навбаҳоре – е!
Биё, навбаҳоре – е!
* * *
Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.
– Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб – гуфт Назорат. – Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!
– Бахудо, ки рост! – тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат. – Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки…
– Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро? – пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд: – Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.
– Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?