Литмир - Электронная Библиотека
A
A

– Чува?? – овози чирросии Нигина он қадар баланду ногаҳонӣ садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш қад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.

– Онҳо ба чанд савдогару одамҳои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ҷойдорӣ барои майкашӣ хеле мувофиқ асту агар Хуҷанд ба маркази майбарорӣ ва майгусорӣ табдил ёбад, ба роҳи абрешим пайроҳаи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ҳоким кофӣ шуд, ки пулпарастони ҳарис ба сар давиданду Наврӯзро рад карда, Хазонакро ҷонибдор шуданд ва сари майхораҳо ба осмон расонданд. Он замон ҳар касе калимаи «Наврӯз» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ҳолаш табоҳ мешуд…

Шайх Бурҳониддин оҳе сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Хуҷанд ба ёд овард. Аз рӯзгори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Хуҷандӣ ҳикояте гуфт, ки дар сӯҳбату маъракаҳо агар аз Наврӯз сухан равад, мисли ҳезуми хушк дармегирифт. Ӯро огоҳ карданд, ки эҳтиёт бошад ва сухан санҷида гӯяд.

Дар маҳфиле аз сӣ лаҳни Борбад сухан рафту онро ороиши Наврӯз номид. Нафаре эрод гирифт:

– Ороиши иди Хазонак бигӯ!

– Ҳаргиз чунин нагӯям! Хазонак иди палидон асту Наврӯз ҷашни покон!!

Он лаҳза касе намедонист, ки арзиши ҷумлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ҳокими қарохонӣ маҳз ибораҳои «Хазонак иди палидон, Наврӯз ҷашни покон» кифоят шуд, ки ӯро ба қатл маҳкум кард ва фармуд, то хонумонашро бисӯзанд!

Аз ин шумхабар огоҳ шуда, бародари калониаш Абӯбакри Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ бо аёлу ақрабои хеш филҳол рӯ ба гурез ниҳод, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфаҳон расид ва он ҷо муқимӣ шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи мӯътабари Оли Хуҷандро асос гузошт.

Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ҳарос фаромӯш шуд. Зиндагии Абӯбакр ва пайвандонаш дар ҷойи нав маҷрои тоза ёфт. Лекин… маълум гардид, ки қарохониҳо ҳақиқатан ҳам уштуркина будаанд: гумоштаи онҳо шоир ва олим Абусайиди Хуҷандӣ – писари Абӯбакрро вақти маъвизахонӣ дар масҷиди ҷомеъ бераҳмона ба қатл расонду хунсардона гуфт:

– Ҳар ким дар бораи Наврӯз амри маъруф кунад, хунаш меоқад…

Шоира Маҳастии Хуҷандӣ низ бо хашму ғазаби навдавлатони қарохонӣ дучор гардид ва ин ҳодиса дар базми яке аз бузургони шаҳр рух дод. Он вақт Маҳастӣ нав ба синни бистсолагӣ қадам ниҳода, аммо дар ҳусну малоҳат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз накҳати гулу сабзаи фасли навбаҳор вайро хумори ҷашни ниёгон ба сар омаду бадоҳатан як рубоӣ эҷод карда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик гуфт:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Дӣ бар зад аз оби Марв нилуфар сар.

Наврӯз, ки шуд, боди Сайҳун ҷонпарвар,

Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.

Дӯстон ва наздикон дар баҳри эҳсосот ғарқа шудани Маҳастиро ҳис карда, «аз бало ҳазар» гӯён, ӯро ба эҳтиёт даъват карданд. Вале ғурури ҳусн ва ҳунар боло гирифту ба замзамаи ғазали наврузӣ аз эҷоди Анварӣ шурӯъ кард:

Бингар чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро…

Хонуми булбуловоз бо лаҳни форам суруд мехонд, вале… базм ба охир нарасида, ду навкари сиёҳҷурда башаст омаданду айши ҳамаро талх гардонданд ва хостанд, Маҳастиро ба маҳкамаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миёнҷӣ шуда, бо лутфу караму ҳадяи фаровон дами табарро гардонданд ва Маҳастиро аз дари оқиб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару панҷара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ҳамлаи чокарон ва таҳдиди онҳо хабар дод.

Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифоқа оварданду саҳл осуда шуданд. Вале рӯзи дигар чанд сипоҳии туркнажод бо роҳбаладии хуҷандие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ҳис карда, модарро ба по хезонду ҳар ду ҳадаҳа аз ҳавлии ҳамсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирорӣ шуданд. Маҳастӣ дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Хуҷанд дорам» гӯён умри ширин бо шӯрию талхӣ гузаронд…

– Баъди гурехтан аз хона як рубоӣ гуфтагӣ Маҳастӣ, – бетоқатона ғунчаи лаб бикшод Нигина. – Азёд кардагӣ ман ин рубоиро:

Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,

Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

– Офарин, духтари оча! – шогирдро рӯҳбаланд гардонд Бибинурӣ. – Пагоҳ ба тамошои шаҳр мебароем, ба ҳавлии Маҳастӣ меравем…

– Намеравам ҳеҷ куҷо, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам! – гуфт бо якравии кӯдакона Нигина. – Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм…

– Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!

– Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест! – бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо. – Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд…

– Яъне ки… бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?

– Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам…

– Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд! – доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин. – Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.

Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред…

* * *

Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.

– Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав! – вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ. – Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.

– Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.

– Чува дар он ҷо?

– Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақат…агар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд…

Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун – чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай» …

Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд – дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!

– Вой, бобоҷун! – кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ. – Оъ… Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!

– Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин… агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.

14
{"b":"811588","o":1}