Сипас муддате дар ҳолати хеш муроқабат намуда, ҳолати маънавию рӯҳии худро бо ҳоли бемор мутобиқ сохт ва пас аз зикри ҷамил бо овози нимшунаво дуои махсус хонд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аъузу бикалимот иллоҳи томмоти куллиҳи мин шарри мо халақа. Бисмиллоҳи хайраласмон. Бисмиллоҳи раббил арзи ва самои. Бисмиллоҳи ло язурру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳува самъул ъалим».
Баъди қироат ба гӯшу чашму даҳону бинии бемор се бор шуф карду кӯдаки «пӯстинпӯш» ба дасти падар дод:
– Кӯдакро пиразоле ҷоду кардааст бо ҳафт банди тилисм. Мо кушодани банди баста оғоз ниҳодем ва боқӣ ба оби равон ҳавола кардем.
Эй падари ранҷур, дил фарох дор ва қад-қади ҷӯйбор рост ба манзилат рав оҳиста-оҳиста ва пайваста «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-азим» бигӯ. Ҷое, ки кӯдак атса занад, қарор исту ба рӯяш се каф оби ҷӯй бипош. Агар чашм кушояд ва «нон» гӯяд, неъмати ҷаҳонро бурдӣ: тилисм кушода ва ҷоду шикаста шудӣ!
Дартоз ба хона шитобу кӯдакро шуста, либоси нав пӯшон ва ғизои сабук бидеҳу хуррам бош – дилбанди ту саломат мешавад! Боқӣ «кона-л-лоҳу ало кулли шайъин муқтадир». Яъне, Парвардигор ба ҳама кор зӯру тавоно бошад…
Оҳангар рафту деҳхудо ба гап даромад:
– Эй Шайхбобои гиромӣ, як пурсиши ом асту агар малоли хотири нозук набошад, лутфан бигӯед, ки оҳангар ва фарзанди касали вайро чӣ гуна дарёфтед?
– Пешгуфтор андак тӯлонист…
– Бифармоед, ҳеҷ кас малоли хотир намешад.
– Чор рӯз пеш ҳамроҳи бародарам Шамсиддин, ки ҳама бо эҳтиром Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ мегӯянд, соҳили Сайҳун нишаста будем дар соягоҳе барои дамгирӣ. Чун ҳамеша аз ҷониби машриқ насими фораму салқин – боди барин беист вазида, роҳати бадан дучанд мекард. Ҳамин асно аз тарафи мағриб боди гарме бархост нофорам. Бародари азизам, ки аз шеъру шоирӣ хуб бархурдоранд, бадоҳатан байте аз Рӯдакӣ хонданд:
Гетӣ чунин омад гарданда бад-ин сон,
Ҳам боди барин омад, ҳам боди фурудин.
Ибораи «боди фурудин»-ро ду бор такрор карданду сӯям борик назар афканда, «ин боди дабур, ки аз ҷониби Сомғор вазид, ишорае аз болост» гуфтанд ва муддате ба маҷрои дарё нигариста, сукут варзиданд. Сипас ба чунин хулоса омаданд: азбаски боди фурудин ранҷи шуши дардмандро бисёр зиёну зарар дорад, пас беҳтарин даво тағйири боду ҳавост. Маслиҳат доданд, ки муддате дар рустои шумо бошам. Гуфтанд: «Ворух диёри кӯҳистон асту боди дабур ва самум ҳаргиз он ҷо роҳ наёбад. Чил чашма пеши чашм асту меваи накӯ бисёру гулу гиёҳи фаровон ранҷро дармон. Мардумонаш чеҳракушоду меҳмоннавоз, аз илму дониш бархурдор ва хушгуфтор. Аз ин рӯ, оқилон диёри мардуми чеҳракушодро Ворух ном кардаанду шоирон ҷаннати рӯйи замин мегӯянду табибон оби Ворухро дору, ҳавояшро дармон, насимашро шифо медонанд.
Раво ва ҷойиз меҳисобам, ки дигар таваққуф нашояд, эй бародар! Баҳри офият ҳар чӣ зудтар, алалфавр, озими сафар шаведу дар Ворух илоҷи дард ҷӯед ва ҳамзамон дуои раъият гӯед».
Бародари бузургворам дарҳол ба номи шумо, эй хоҷаи Ворух, нома навишта, бо лабханд «ҳар чӣ бар коғаз набишта шавад, беҳтар аз коғаз бошад» гуфтанду ин ду барнописарро роҳбалад намуда, таъҷилан ба роҳ дароварданд. То дарвозаи Фарғона барои гусел омада, дар охирин лаҳза нидо карданд: «Ба ман гуфтанд, ки писари панҷсолаи Ҳамиди оҳангар ҳафт моҳ боз дар Ворух табиби мушкилкушоро интизор аст, то ба дардаш шифо бахшад. Аввал Неъматро дида, баъд аз пайи дигар кор шавед!»
– Пири мӯътабари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам авлиё! – мад кашид Иброҳимхӯҷа. – Ҳар дуятон аз кай боз додари қиёматӣ?
– Мо чор бародаронем! Шамсиддини Хуҷандию Шамсиддини Узгандию Низомиддини Марғинониро чил сол боз мешиносам. Ҳамроҳ дар Бухорои шариф таҳсил кардем, шарикдарсем. Ҳар сол як маротиба, бо навбат, дар манзили якдигар меҳмон мешавему ин ҷамънишиниро «маҳфили чор дарвеш» мегӯем. Вале муридон муболиға карда «маҳфили аҳли идрок ва ирфон» мегӯянду маҷлиси асҳоби дониш меҳисобанд.
– Ин хел бошад, имсол ҳамаро ба Ворух даъват кунед, – сидқан пешниҳод кард деҳхудо, ки бо табассум пазируфта шуд. Абдулмаҷиди шоир, ки кайҳо боз суоле дар нӯки забон дошт, зуд аз фурсати мувофиқ истифода бурд.
– Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?
– Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, – Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. – Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?
– Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! – дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.
– Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.
– Ба чашм! – гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. – Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»
Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»
Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: « Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»
Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии Қароботур хуни сияҳ ба замин рехту дигар ёзӣ-ёзӣ накада, сари таслим фуруд овад…
Чун сухани Мирмалик ба нуқтаи таммат расид, шунавандаҳо оҳи сабук кашида, ӯро офарин хонданду Шайх Бурҳониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:
– Ҳокими қарохонӣ ноилоҷ дасти ҷиянпаҳлавони маро бо нишони ғолибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба туркӣ гуфт: «Ту дигар Мирмалик нестӣ. Темирмалик ту, эй оҳанбозу!»
Ин гап ба дилам сахт расиду луқма партофтам: «Эй ҳоким, турктозӣ бас аст!». Аз шиддати ғазаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, чӣ муддао дорӣ?». Гуфтам: «Ҷияни маро Темирмалик нагӯй, то туркон решапайванди худ наҳисобанд» Хандиду гуфт: «Хуҷандиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабонӣ ва талхгуфторӣ мекунӣ?! Ба ҳурмати Шайх буданат аз гуноҳат гузаштам, эй Қилич!»
Тамом – вассалом: гапи ҳоким гап шуду аз ин рӯз эътиборан ман – Қилич, ҷиянам Темурмалик!»
– Як саволи ғалатӣ дорам, – диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард Қосими қаднавча. – Агар иҷозат бошад, пурсам…
Деҳхудо бо ишораи сар рухсат доду Қосим ба ҳамсоли худ муроҷиат кард:
– Эй Мирмалик, росташро гӯй, ки ҳар дуи шумо ҷияну тағои ҳақиқӣ ё қалбакӣ?
– Тағои меҳрубонам акои буваҷонам, ҳар дуяшон фарзанди як падару модар!
– Оре, модари Мирмалик, ки Моҳсимо ном дорад, ҳамшираи ҷонии ман аст, – посухи ҷиянро мукаммал гардонд тағо. – Ин номи меросӣ. Аслан, исми шарифи духтари Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо – домоди амири кабир буд!
Он айём амирони бузурги сомонӣ дар пайравии шоҳони сосонӣ рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар маҳалҳо мамнун бошанд, ҳамчун нишони қадршиносӣ духтар ё набераи худро ба он ҳумоюнбахт номзад мекарданд. Ҷадди бузурги мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипаҳбуди содиқи лашкари сомониён. Оқибат бахт ба рӯяш хандид ва бо лутфи Исмоилшоҳ бо набераи соҳибҷамоли ӯ хонадор шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил – Гулсимо момокалони ман…